Дар панҷ соли оянда дар Бадахшон сохтмони 92 корхонаи саноатӣ бо 1437 ҷои нави кор пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 04.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар қаламрави Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бояд 30 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бо фароҳам овардани 407 ҷои нави кор сохта, ба истифода дода шаванд. Ҳамчунин ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин замина таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор дар панҷ соли оянда дар вилоят сохтмони 92 корхонаи саноатӣ бо 1437 ҷои нави кор пешбинӣ гардидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.
Ҳамчунин тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят 41 муассисаи тандурустӣ, 12 фарҳангӣ, 85 муассисаи соҳаи маориф ва 104 корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд.
Тавре дар машварати васеи назди Раиси вилоят Алишер Мирзонабот оид ба масъалаи «Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2022» (28.10.2022) гуфта шуд, дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят 24 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 216 ҷои кор сохта, ба истифода дода шуданд.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, ки дар ҷаласаи мазкур ҳузур дошт, ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулин бобати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба зимистони дарпешистода, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, дида баромадани маблағгузории сарикасӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии камнуфус, ҷамъоварии андоз, норасоии кадрҳо дар соҳаҳои маорифу тиб, таъсиси кӯдакистонҳои хусусӣ, риояи забони давлатӣ дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таъмини хонандагон бо либоси мактабӣ, таъмир ва навсозии муассисаҳои тандурустӣ, беҳтар намудани сифати барномаҳои фарҳангӣ, пурзӯр намудани таълиму тарбия дар таълимгоҳҳо, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», истифодаи самараноки замин ва дигар ҷанбаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






