Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд

Ноябрь 17, 2022 10:28

ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Тезонидани татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда бо мақсади ноил шудан ба партовҳои сифр ва интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон»- таҳти чунин унвон дар Павилиони миллӣ, ки дар ҳошияи Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP27) дар Шарм-уш-Шайхи Миср ташкил гардидааст, бо иштироки намояндагони Тоҷикистон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамоиш доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ҳамоиш буда, дар он нақши ҳамкории ҳамоҳангшуда, талошҳои муштараки минтақавӣ ва глобалӣ барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши афзоиши ҳарорати глобалӣ матраҳ гардиданд.

Инчунин дар он масъалаи тезонидани татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда бо мақсади ноил гардидан ба партовҳои сифр ва интиқоли энергияи тоза баррасӣ шуд.

Дар ҳамоиш муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода, директор оид ба масъалаҳои табиат, иқлим ва энергетика, ҳамоҳангсози иҷроияи Барномаи Рушди СММ оид ба маблағгузории муҳити зист Прадип Курукуласурия ва узви Раёсати Фонди глобалии экологӣ хонум Габриэлла Блаттер маъруза намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 17, 2022 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд