Дар шаҳри Самарқанд Ҳафтаи байналмилалии саёҳати зиёратӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 03.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри бостонии Самарқанд бо иштироки намояндагони беш 50 кишвари ҷаҳон Ҳафтаи байналмилалии саёҳати зиёратӣ идома дорад, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории чорабинии мазкур.
Дар доираи ҳафтаи мазкур конфронси илмӣ, намоишгоҳи «Меъмории муосири исломӣ», фестивал-ярмаркаи санъати амалии исломӣ, форуми «Осиёи Марказӣ–маркази санъати исломӣ» баргузор мешаванд.
Вазорати туризми ва мероси фарҳангии Узбекистон аз созмондиҳандагони хафтаи саёҳати зиёратӣ буда, ҳадафи он — рушди саёҳати зиёратӣ ва муаррифии зарфияти он дар Узбекистон мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи Ҳафтаи байналмилалии саёҳати зиёратӣ муовини Сарвазир — вазири сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Узбекистон Азиз Абдуҳакимов ва Мудири маркази тамаддуни исломии Узбекистон Шоазим Миноваров доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Узбекистон дар бахши инкишофи сайёҳии зиёратӣ, имконият ва дурнамои рушди соҳа ибрози назар намуданд.
Зикр шуд, ки Самарқанд шаҳри бузурги сайёҳӣ буда, солҳои охир ба маркази бузурги баргузории чорабиниҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст.
Дар доираи Ҳафтаи байналмилалии саёҳати зиёратӣ меҳмонон ва иштирокчиён аз ёдгориҳои таърихии шаҳрҳои қадимии Самарқанд, Бухоро ва Хива дидан намуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Душанбе-Самарқанд
АКС: АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






