Дар Шарқи Дур анъанаҳои қадимии халқи тоҷик муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии барқарор гардидани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар шаҳри Хабаровски кишвари Хабаровск барномаи фарҳангӣ доир гардид. Дар ин маъракаи фарҳангӣ Консули генералии минтақаи Сибир ва Шарқи Дур Давлатхоҷа Ятим, ҷонишини Раёсати сиёсати дохилии Ҳукумати кишвари Хабаровск А.П.Ивагин, Раиси Ассамблеяи халқҳои кишвари Хабаровск С.Н.Скоринов, ҷонишини Раиси ин Ассамблея Валерий Хидиров, намояндагони диаспораву роҳбарони ҷамъиятҳои аъзои Ассамблея, инчунин донишҷӯён ва тоҷикони муқими ин шаҳр иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия.
Иштирокдорони ҳамоиши фарҳангӣ аз намоишгоҳ, ки дар он аксҳои сарони ду давлати ба ҳам дӯсту бародар — Тоҷикистон ва Россия, ташрифи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия ва ташрифи Президенти Федератсия Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардида буданд, дидан карданд.
Дар ин намоишгоҳ ҳамчунин аксҳо аз боздидҳои дуҷонибаи дипломатии Тоҷикистон ва Россия дар тӯли 30 соли ҳамкорӣ, инчунин расмҳо аз кушодашавии 5 мактаби замонавии русӣ дар Тоҷикистон, аксҳои шоирону нависандагони адабиёти классик ва муосири тоҷик ба тамошо гузошта шуданд.
Дар намоишгоҳ ҳамчунин тасвирҳои манзараҳои зебои табиати нотакрори Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, зарфияти сайёҳии кишвари мо муаррифӣ гардид.


Ба иштирокдорони барномаи фарҳангӣ дастурхони пурнозу неъмати тоҷикӣ, ки бо меваҳои шаҳдбор, хӯрокҳои миллӣ, шириниҳову хӯришҳо ва нони танӯрӣ оро дода шуда буд, писанд омад.
Дар анҷоми ҳамоиш барои болидарӯҳии меҳмонон ҳар гуна машғулияти қадимии тоҷикон, ки то имрӯз моҳияти худро гум накардаанд, аз қабили гӯштини миллӣ, ҷанг бо тухм ва чормағз, навохтани асбоби мусиқии най, рақсҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Барномаи фарҳангӣ ба муаррифии бештари таъриху фарҳанги қадимии миллати тоҷик ба ҷаҳониён мусоидат менамояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






