Дар Тоҷикистон ҷаласаи 37-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё доир мегардад

Ноябрь 2, 2022 10:03

ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 1 ноябр дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) доир гардид. Зимни он масъалаи баргузории ҷаласаи 37-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё дар Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли равон мегузарад, баррасӣ шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷаласа таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода (Раиси Комиссия), муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Алиҷон Салимзода бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори кишвар ва департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси Комиссия дар оғози нишаст оид ба масъалаҳои марбут ба таҳдидҳо, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, нооромиҳои вақтҳои охир дар ҷаҳон ва зиёд шудани дигар шаклҳои ҷинояткорӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст, сухан ронда, барои  пешгирӣ намудани ҳолатҳои номатлуб ва софдилона иҷро кардани вазифаҳо даъват намуд.

Дар идома зикр карда шуд, ки аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор бандҳои «Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми МҚД/МТ/МПСҚО» амалӣ шуда истодаанд.

Ализода Зариф иброз намуд, ки гарчанде аз ҷониби мақомоти марбутаи кишвар қисмате аз бандҳои нақшаи зикршуда иҷро шуда бошад ҳам, аммо вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст ҷиҳати иҷрои пурраи бандҳои вобаста ба самти худ пайваста чораҷӯӣ намоянд. Ҳамзамон намояндаи Вазорати адлия мулоҳизаҳои худро дар мавриди корбарӣ бо ташкилоти ғайритиҷоратӣ дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ ва корҳои иҷрошуда иброз намуд.

Сипас аз ҷониби намояндаи Департамент маълумот оид ба баргузории масъалаҳои марбутаи ҷаласаҳои Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда (ГАО) ва натиҷаҳои бадастовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт манзур карда шуданд.

Роҳбари Комиссия дар баррасии масъалаҳо оид ба тадбирҳои тадорукотӣ-ташрифотӣ барои омодагӣ ба баргузории ҷаласаи 37-уми ГАО, ки аз 21 то 25 ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, аъзои Комиссия ва намояндагони вазорату идораҳои мутасаддиро барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабинӣ таъкид намуд.

Мавриди зикр аст, ки Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи стандартҳои МҚД/МТ/МПСҚО аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013 таъсис дода шудааст.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Ноябрь 2, 2022 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид
Тоҷикистон 85 фоизи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъмин мекунад
Аъзои ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд
Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкориро дар самти рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонӣ густариш медиҳанд
Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе 110 кг маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартиро ошкор намуд
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист байни Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ гардид
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд