Дар Тоҷикистон «Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Ваҳдат бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» баргузор гардид, ки дар он чорвопарварон аз филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Зотпарвар»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ, Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ намудҳои гуногуни чорворо намоиш доданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат.
Муовини якуми Вазири кишоварзии мамлакат Музаффар Мирзозода иброз намуд, ки соҳаи чорводорӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ буда, дар таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи намоён дорад. Хусусан дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди имрӯзаи соҳа мусоидат кардааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 ноябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 507 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 1 миллиону 301 ҳазор модагов, 6 миллиону 262 ҳазор сар гӯсфанду буз ва 85 ҳазор сар асп мавҷуд аст. Дар ин давра 227,3 ҳазор тонна гӯшт ва 759,8 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шудааст.
Тибқи таҳлилҳо, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 102 ҳазор сар, аз ҷумла модагов 50,2 ҳазор сар, гӯсфанду буз 258,3 ҳазор сар, асп 1060 сар, истеҳсоли гӯшт 12,0 ҳазор тонна ва шир 16,4 ҳазор тонна зиёд мебошад
Дар фарҷом аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ як зумра шахсоне, ки дар рушди соҳа саҳм доранд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ










Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст






