Дар Тоҷикистон хатари омадани сел ва резиши санг боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 04.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 4-5 ноябр дар қаламрави ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози ВМКБ боронҳои пуршиддат дар назар дошта шудаанд, ки дар баъзе ҳолатҳо ба барфи тар табдил меёбанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин рӯзҳо боронҳои шадид метавонанд сабаби омадани селҳо, резиши санг дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳамчунин қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ шаванд. Ҳамчунин эҳтимоли баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу ва дарёҳое, ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, дар назар аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор медиҳад, ки шаҳрвандон дар ин рӯзҳо бояд аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ, рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум, анҷоми корҳои кишоварзӣ, шикор, моҳидорӣ худдорӣ кунанд.
Ҳамчунин ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ бояд қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки барои пешгирӣ аз вуруди сел ба ҳавливу киштзорҳо сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу партовҳо тоза созанд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






