ДАР ТОҶИКИСТОН ИСТЕҲСОЛИ ГӮШТ ВА ШИР ЗИЁД ГАРДИД. Дар ҷумҳурӣ саршумори чорвои калон афзуд

Ноябрь 21, 2022 13:00

ДУШАНБЕ, 21.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. То моҳи ноябри соли 2022 дар тамоми бахшҳои кишоварзии Тоҷикистон зиёдшавии саршумори чорвои калон ва афзоиши истеҳсоли гӯшту шир ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии кишвар хабар доданд.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ қариб 2,5 миллион cap сорво парвариш карда мешавад. Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ саршумори чорвои калони шохдор дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 102 ҳазор сар зиёд шудааст. Дар байни онҳо 1 миллиону 300 ҳазор cap гов мавчуд аст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аз 50 ҳазор cap зиёд аст.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон саршумори бузу гӯсфандонро беш аз 6 миллион сар арзёбӣ кардааст. Афзоиши саршумори бузу гӯсфанд беш аз 250 ҳазор сарро ташкил медиҳад.

Вазорати кишоварзӣ инчунин дар бораи зиёд шудани истеҳсоли гӯшту шир хабар додааст. Дар моҳҳои январ — октябри имсол зиёда аз 227 ҳазор тонна гӯшт ва 760 ҳазор тонна шир қабул карда шуд. Яъне, истеҳсоли гӯшт 12 ҳазор тонна ва шир 16,4 ҳазор тонна назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 21, 2022 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд