Дар Вазорати корҳои хориҷӣ 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии ифтитоҳии худ ҳозиринро ба муносибати ин ду санаи таърихӣ ва фархунда табрик гуфта, чунин зикр намуд: “Барои мо мояи ифтихор аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гиромидошти солгарди иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон рост меояд. Баъд аз барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишварамон бо ташаббус ва ибтикори Сарвари давлат раванди бозсозии иқтисодии кишвар, рушди демократия, гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ, ташаккули тафаккури миллӣ ривоҷу равнақ пайдо намуд”.
“Таърих собит кард, ки он рӯзи тақдирсоз вакилони халқ бо ин амали ояндабинона шахсияти миллӣ, воқеан Пешвои миллатро интихоб намуданд”,- иброз намуд Вазири корҳои хориҷӣ.
Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш намоиши аксҳо ва филми ҳуҷҷатӣ аз ҷараёни иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ пешкаш гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид






