Дар Вазорати молия барномаи нави идоракунии қарз ва низоми таҳлили молиявӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 28 октябр дар заминаи ҳамкории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (SECO) кормандони Сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби сармоягузориҳои давлатии Вазорати молия ба давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Барномаи нави идоракунии қарз ва низоми таҳлили молиявӣ (DMFAS)» фаро гирифта шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, барномаи мазкур бо ташаббуси Конфренсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд таҳия шуда, барои бақайдгирӣ, назорат ва таҳлили қарзи берунӣ ва дохилӣ, қарзҳои хусусӣ, грантҳо ва субкредитҳо (зерқарзӣ) пешбинӣ гардидааст. Давраи омӯзишӣ таҳти роҳбарии мушовирон/тренерҳои барнома Артак Марутян ва Андрес Блондет гузаронида шуд.
Мавриди зикр аст, ки барномаи нави идоракунии қарз ва низоми таҳлили молиявӣ дар мақомоти дахлдори 74 давлати дунё насб гардида, дар айни замон 84 муассиса дар 58 мамлакати ҷаҳон бо ин барнома кор мебаранд.
Дар интиҳои давраи омӯзишӣ кормандони Сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби сармоягузориҳои давлатии Вазорати молия барои иштироки фаъол дар раванди омӯзиш бо Сертификати DMFAS сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






