Дар вилояти Фарғонаи Узбекистон нишасти 203-юмини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» баргузор гардид

Ноябрь 7, 2022 11:33

ДУШАНБЕ, 07.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон нишасти 203-юмини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» дар вилояти Фарғона баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бино ба иттилои роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов сездаҳ нафар адибону олимони вилояти Суғд давоми ду рӯз дар Фарғона, Риштон ва Марғелон бо аҳли илму адаби вилояти Фарғона, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳунарӣ ошно гардида, суҳбату мулоқотҳои муфид баргузор намуданд.

Пас аз дидору мулоқотҳо дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона маҳфили «Ганҷи сухан» баргузор шуд. Дар оғози маҳфил Саидумрон Саидов аз нақши беназири сарварони ду кишвар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар рушди дӯстиву робитаҳои илмиву адабӣ сухан намуда, ба ректори Донишгоҳи давлатии Фарғона Баҳодурҷон Шермуҳамадов туҳфаҳои Раиси вилояти Суғд — 200 номгӯ китобҳои адабиву бадеӣ ва таърихиву илмиро тақдим кард.

Дар идома нависанда Додохони Эгамзод аз таърихи дӯстии ду халқ сухан кард ва бо суҳбатҳои ширину гуворои худ хотири ҳозиринро шод намуд. Ӯ низ як силсила китобҳояшро ба роҳбарияти донишгоҳу факултет ҳадя намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 7, 2022 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид