Дипломатҳои ҷавони Тоҷикистон дар Академияи Вазорати корҳои хориҷии Туркия аз курси омӯзишӣ гузаштанд

Ноябрь 9, 2022 15:28

ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 дипломати ҷавони тоҷик дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия аз курси омӯзишӣ гузаштанд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.

Бояд таъкид намуд, ки курсҳои мазкур бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анқара ва дар ҳамкорӣ бо Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Туркия роҳандозӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 29 марти соли 2021 дар ҷараёни сафари расмии  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ташрифот миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия ва Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2021-2023 ба имзо расиданд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Анқара

Ноябрь 9, 2022 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио мулоқот намуд
Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ташриф овард
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқот намуд
Муовини якуми Президенти Эрон Муҳаммадризо Ориф бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Бунёди фарҳангии Ал-Бобтайн вохӯрӣ намуд