Сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ иштирок намуд

Ноябрь 17, 2022 16:58

ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди давлатҳои мустақил /ИДМ/ баргузор гардид, ки дар он Раиси Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Саридораи геология Мавҷуда Анварӣ иттилоъ дод.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони мақомоти соҳавии кишварҳои ИДМ, вазорату идораҳои салоҳиятдори давлатҳои аъзои ИДМ, ба монанди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Молдова, Туркманистон, Узбекистон, Федератсияи Россия ва шахсони масъули Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.

Аъзои Комиссия якчанд масъалаҳои мубрами иқтисодӣ ва марбут ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ дар фазои ИДМ-ро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода доир ба «Нақшаи дурнамои ҳамкорӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар солҳои 2021-2025» гузориш дод.Доир ба масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласа низ мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҷаласаи ояндаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди давлатҳои мустақил /ИДМ/ 14 декабри соли 2022 бюаргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 25-уми Шўрои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин 22-23 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд. Тибқи қарори ин ҷаласа, раёсат дар соли 2022 ба таври расмӣ ба Тоҷикистон вогузор шуд.

АКС: Саридораи геология

Ноябрь 17, 2022 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд