Фаъолияти Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон равона шудааст

Ноябрь 10, 2022 17:15

ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 10 ноябр Рӯзи милитсияи тоҷик дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана ва доир ба фаъолияти Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ, ки имсол аз таъсиси он 30 сол сипарӣ гардид, Раиси ин созмон, генерал-майори мустаъфии милитсия Саид ҶУРАХОНЗОДА дар бораи бунёд ва ташкили он андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» баён намуд.

-Таърихи бунёди Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ  саршори муборизаҳои оштинопазири ҳифзи манфиатҳои ҷамъият, мардумони кишвар ва навсозии Ватан мебошад. Баъди  ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти куллӣ ба амал омаданд. Аз ҷумла, 26 феврали соли 1992 Тоҷикистон узви Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА), 2 марти ҳамон сол узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва 1 декабри соли 1993 узви Созмони конфронси исломӣ (СКИ) гардид.

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва фарогиру созандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги шаҳрвандӣ бо сулҳи устувор ҷамъбаст карда шуд ва душманони дохиливу берунӣ, табаддулотгарони давлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша безарар гардонида шуданд. Гурезагони хориҷиву дохилии мамлакат ба ҷойҳои зисташон баргардонида шуда, бехатарӣ ва зиндагии осоиштаи онҳо аз тарафи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, қудратӣ ва ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ таъмин карда шуда, мардум ба меҳнати созанда пардохт.

Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, аз ҷумла ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ  бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи Ҳукумати ҷумҳурӣ, марзу бум ва таъмини бехатарии дохиливу берунии кишвар шуҷоату қаҳрамонии беназир нишон медоданд. Дар ин раванд насли калонсоли кормандони милитсия ва собиқадорон ҷавонони ба ин сохтор шомилгардидаро сарпарастӣ намуда, барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи якпорчагии Ватан ба муқобили ҷинояткориҳои муташаккил ва таъмини низоми дохилии мамлакат муборизаи беамон бурда, ҷоннисорӣ мекарданд.

Дар муборизаҳои зикргардида Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ  обутоб ёфта, фаъол гардид.

Самтҳои асосии фаъолияти Шӯрои собиқадорон ба тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватансозиву ватандӯстӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони ҷавони милитсия баҳри мубориза ба муқобили кирдорҳои нави фаромиллии хатарнок, нигоҳ доштани амнияти кишвар, инчунин ҳифзи иҷтимоии собиқадорони ҷангу меҳнат равона карда шудааст.

Абулқосим Лоҳутӣ дар ин маънӣ фармудааст:

Дилу пушти бедодгар бишканед,
Ҳама беху шохаш зи бун барканед!

Фаъолияти воҳидҳои Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла собиқадорони он шаклу мазмуни ба замони муосир мувофиқ касб кардааст. Айни замон дар мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ 88 ташкилоти ҷамъиятии Созмони собиқадорон дар раёсатҳо ва шуъбаҳо фаъолият карда истодаанд. То соли 2012 шумораи онҳо 53 адад буд.

Раисони шӯроҳои собиқадорони вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҳисоби ВКД бо маоши корӣ таъмин карда шудаанд.

Тамоми собиқадорони мақомот ба ғамхории доимӣ фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, маросими ботантана ба нафақа гусел кардани кормандон аз нав эҳё гардида, истироҳату фароғат ва табобати онҳо дар дармонгоҳҳо ба танзим дароварда шуд.  Бо фармони Вазорати корҳои дохилӣ  дар тамоми сохторҳои мақомот «Лавҳаи фахрии собиқадорон» ва дар чанд бинои маъмурӣ «Осорхонаи ВКД» ташкил ёфтанд. Дар биноҳои маъмурии раёсат ва шуъбаҳои шаҳриву баъзе сохторҳои ноҳиявии ҷумҳурӣ барои коргузории шӯроҳои собиқадорон дафтарҳои корӣ ҷудо карда шудааст ва фаъолияти собиқадорон барои беҳбудӣ бахшидан ба иҷрои вазифаҳои хидматии кормандон ва тарбияи касбии ҷавонони ин ниҳодҳо сафарбар шуда истодаанд.

Ҳамзамон собиқадорони ҷангу меҳнат ба ёрии молиявии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД пайваста фаро гирифта мешаванд.

Ногуфта намонад, ки ҳамкории Созмони собиқадорони ВКД бо чунин сохторҳои ИДМ баҳри муборизаи дастҷамъона ба муқобили ҷинояткориҳои фаромиллӣ ва хатарҳои ба истиқлолияти кишварҳо таҳдидкунанда инкишоф ёфта истодааст. Баъди Раиси Созмони собиқадорони ВКД Федератсияи Россия (соли 2003) таъйин гардидани генерал-полковники хизмати дохилӣ Иван Шилов ҳамкорӣ ва муносибатҳои созмонҳои собиқадорони ВКД-и давлатҳои аъзои ИДМ густариш ёфтанд. Дар солҳои сипаригардида вохӯриҳои роҳбарон ва собиқадорони созмонҳои ин кишварҳо дар шаҳрҳои Минск (соли 2004), Москва (соли 2005), Душанбе (соли 2006), Сочи (соли 2008), Қазон (соли 2010)  баргузор гардида, масъалаҳои мубрами ҳамкории барои бехатарии кишварҳо муфид мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 АКС: Созмони собиқадорони ВКД ҶТ

Ноябрь 10, 2022 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд