ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ ВА ТАҲАВВУЛОТИ СИЁСИВУ ИҶТИМОӢ ДАР ТОҶИКИСТОНИ НАВИН. Андешаҳои Сафири ҶТ дар ҶУ академик Абдуҷаббор Раҳмонзода

Ноябрь 16, 2022 09:58

ДУШАНБЕ, 16.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мардуми Тоҷикистон Рӯзи Президент ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ба ин муносибат мақолаи   Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзодаро пешкаши хонандагон мегардонем.

Дар охири асри ХХ ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба дигаргуниҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ шуда, дар натиҷа он давлати абарқудрату муқтадир барҳам хӯрд ва кишварҳои сотсиалистӣ мустақил гардида, соҳибистиқлолии худро эълон намуданд. Шикасти ин иперияи бузург, пеш аз ҳама, ба сиёсати барғалати Горбачёв ва хиёнаташ ба ҳизби коммунистӣ вобастагии бештар дошт. Дар Россия аз заифии сохтори мавҷуда истифода карда, ҳизбу ҳаракатҳои нав таъсис ёфтанд ва барои ба даст овардани ҳокимият ва дигар кардани низоми давлатдорӣ талош намуданд. Онҳо паст рафтани мавқеи роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ ва бад гардидани вазъи некуавҳолии мардумро асос карда, роҳҳои ба даст овардани қудрат ва сарнагун кардани империяи тавонои Шӯравиро матраҳ намуданд ва бо андак хисорот онро барҳам дода, соҳибистиқлолии Федератсияи Россияро эълон карданд. Дар баробари ин ба ҷумҳуриҳои узви Иттифоқ розигӣ доданд, ки истиқлолияти худро эълон намоянд ва мустақилан сохти давлатдории хешро муқаррар созанд. Дар ин замина аксари ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ соҳибистиқлол гардиданд.

Тоҷикистон низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳо 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро эълон намуд ва ҳамчун кишвари воҳид шинохта шуд.

Ин гузариш дар баъзе кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хеле осон, бе ягон низоъ, бо роҳи мусолеҳатомез амалӣ гардид. Аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи муколамаи сиёсиро пайдо карда натавониста, бо бурхӯрдҳои сахти сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид. Ин низоъ боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат шуда, харобиҳои зиёде ба бор овард.

Мутаассифона, роҳбарони ҳамонвақтаи Тоҷикистон фишанги сиёсиро аз даст дода, мусоидат карданд, ки ҳизбу ҳаракатҳои нав таъсис ёбанд. Ҳизбҳои навтаъсис бо баъзе ҳаракатҳои дорои равияи демократӣ муттаҳид гашта, бо роҳи зӯрӣ хостанд ҳокимиятро ба даст оваранд, сохтори давлатиро иваз намоянд ва низоми нави сиёсиро дар мамлакат ҷорӣ созанд. Ин ҳама боиси шиддат гирифтани бархӯрду низоъҳо миёни ҷомеа гашт ва дере нагузашта, муноқишаҳои сиёсӣ ба ҷанг табдил ёфтанд. Дар чунин вазъияти мураккаб намояндагони минтақаҳои ҷанубии кишвар ба ҳимояи Ҳокимияти конститусионӣ бархоста, пеши роҳи ҷангро гирифтанӣ шуданд. Аммо саркардаҳои мухолифин бо кумаки хоҷагони хориҷии худ силоҳҳои зиёдро ба кишвар ворид карда, алангаи ҷангро зиёд намуданд. Дар натиҷа доираи ҷанги шаҳрвандӣ васеъ гашта, дар миёни минтақаҳои даргир одамони зиёде кушта гардиданд. Баробари ин садҳо биноҳои иҷтимоӣ, маъмурӣ ва хонаҳои шахсӣ несту нобуд шуданд ва ҳазорҳо одамон бесарпаноҳ монданд. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо кушторҳои бераҳмона сурат гирифта, як зумра роҳбарони сиёсӣ, олимон ва донишмандон низ қурбони ин фоҷеаи даҳшатбор шуданд.

Дар он шабу рӯз вазъи сиёсӣ дар шаҳри Душанбе боз ҳам мураккабтар гардида буд. Президенти кунунии кишвар ва сохтори фалаҷшудаи давлат аз уҳдаи ором кардани даргириҳо набаромада, роҳҳои муколама ва гуфтушунидро ҷустуҷӯ менамуданд. Вале зӯрашон барои ба эъдидол овардани ҷомеа намерасид. Ба ғайр аз ин Шӯрои Олӣ фаъолияташро қатъ карда, аксари вакилон ба хотири ҳифзи ҷони худ ва аҳли оилаашон пойтахти мамлакатро тарк намуданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба гурӯҳҳо тақсим шуданд. Дар ин вазъият шаҳрвандони кишвар беҳомиву ҳимоят монда, аз як маҳал ба маҳали дигар кӯч мебастанд. Баъзе сокинон ба водии Рашт, қисме ба Бадахшон, нисфи аҳолии водии Вахш ба минтақаи Кӯлобу вилояти Суғд ва беш аз 200 ҳазор нафар сокинони вилояти собиқ Қурғонтеппа барои раҳоӣ ёфтан аз даҳшати ҷанг ба Афғонистон фирор карданд. Дар баробари ин бо иғвои мухолифин қисми зиёди русҳо ба Россия кӯч бастанд ва як қисми узбекҳо ба минтақаҳои гуногуни Узбекистон муҳоҷир шуданд. Ҳамин тавр, мардуми беҳимоят ба чор тараф паҳну парешон гардиданд.

Дар он шабу рӯз робита байни пойтахт ва маркази вилояту шаҳру ноҳияҳо қатъ гардида, кишвар ба буҳрони шадиди сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда, дар аксари минтақаҳо ҷангҳои шадиди шаҳрвандӣ идома меёфтанд. Дар чунин ҳолати вазнин баргузор кардани Иҷлосияи Шӯрои Олӣ амри ногузир гардид. Неруҳои халқӣ пешниҳод карданд, ки моҳи октябри соли 1992 Иҷлосияи навбатӣ дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Ленинобод (Суғди ҳозира), ки ҷойи нисбатан ором буд, баргузор карда шавад.

Раёсати Шӯрои Олӣ дар асоси ин таклиф Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват намуд. Барои доир кардани Иҷлосия вакилони Шӯрои Олӣ аз гӯшаву канори мамлакат бо мушкилиҳои зиёд ба Хуҷанд омада, баъди таъмин гаштани ҳадди аксарият Қасри Арбобро ҷойи баргузории Иҷлосия муайян намуданд.

Қасри Арбоб солҳои панҷоҳуми асри гузашта аз ҷониби шахсияти маъруф, Раиси хоҷагии номдор Саидхоҷа Урунхоҷаев ба хотири доир кардани чорабиниҳои фарҳангӣ ба тариқи ҳашар бунёд гардида буд.

Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаҳои дар дохили мамлакат идома ёфтани ҷанг ба кори худ шурӯъ намуд ва аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 давом кард. Рӯзҳои аввали Иҷлосия бо мушкилӣ мегузаштанд ва баҳсҳои вакилон гоҳҳо тӯлонӣ идома меёфтанд. Новобаста ба ин, регламент ва рӯзномаи маҷлис қабул шуд ва пай дар пай дар муддати ҳаждаҳ рӯз масълаҳои муҳиме, ки сарнавишти халқи тоҷикро муайян менамуданд, баррасӣ шуда, нисбат ба ҳар банди рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар Иҷлосияи таърихиву тақдирсоз, пеш аз ҳама, интихоби Раиси Шӯрои Олӣ, таъйин намудани Сарвазири мамлакат, дар бораи тасдиқ намудани аъзои Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули муроҷиатнома ба мамлакатҳои аъзои ИДМ дар бораи ба Тоҷикистон фиристодани неруҳои сулҳдӯст, оид ба баррасии аризаи Презеденти кишвар Раҳмон Набиев, оид ба ворид кардани тағйирот ба моддаҳои 102 ва 174 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи тартиби ба ҷойи муқимӣ бозгардонидани гурезагон, дар бораи Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои умдатарин ба шумор мерафтанд. Вакилони Шӯрои Олӣ дар ин асос 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 Қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул намуданд. Ин санадҳои ҳуқуқӣ барои сулҳу суботи Тоҷикистон, таҳкими давлатдории миллӣ нақши ҳалкунанда бозиданд ва барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ асос гузошта, бешак, роҳи минбаъдаи рушди Тоҷикистонро муқаррар намуданд.

Рӯйдоди муҳимми Иҷлосияи ХVI- итихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешуд. 19 ноябри соли 1992 масъалаи мазкур баррасӣ шуд ва ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ номзадии Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов, Раиси ҳамонвақтаи вилояти Кӯлоб (баъди иваз кардани ному насаб Эмомалӣ Раҳмон.-А. Р.) пешниҳод гардид. Аз 222 вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи шонздаҳум 197 нафар вакил иштирок доштанд. Аз ин теъдод 186 нафар вакили Шӯрои Олӣ ба тарфдории номзади номбурда овоз дода, Эмомалӣ Шарифович Раҳмоновро ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд.

Раисиро бар дӯш гирифтан дар он шабу рӯз кори осон набуд ва на ҳар вакил ё мансабдори давлатӣ ба ин вазифаи пурмасъулият розигӣ медод. Ҳама медонистанд, ки кишвар дар кадом ҳолат қарор дорад ва роҳбари навро чӣ мушкилоти сангине интизор аст. Аз ин рӯ, бисёриҳо аз вазифаи мазкур даст мекашиданд ва касе ҷуръат намекард, ки зимоми сарварии халқу давлатро бар дӯши худ гирад. Маҳз Эмомалӣ Шарифович буд, ки ба ин кори пурмасъулият розӣ шуд. Вакилон бо аксарияти овоз номзадии ӯро дастгирӣ намуданд ва ин шахси қобилиятманд ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид.

Раиси тозаинтихоб дар баромади нахустини худ таъкид намуданд, ки “ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам”. Ин суханони таърихӣ ва тақдирсоз дили вакилонро гарм кард, ба ҳазорҳо нафар сокинони мамлакат қуввату фараҳболӣ бахшид ва боварии халқро ба Сарвари ҷавон зиёд намуд. Ҳамон лаҳзаҳоро ба хотир оварда, Роҳбари давлат борҳо изҳор доштанд, ки «ман ба вакилони ҳамондавра таклиф мекардам, ки ба вазифаи мазкур шахси ботаҷрибаро интихоб намоянд. Аммо ин пешниҳоди маро онҳо қабул накарда, номзадии маро аксарият дастгирӣ намуданд».

Бо интихоб шудан ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ зимоми роҳбарӣ бар дӯши Эмомалии ҷавон вогузор гардид ва аз қадамҳои аввалини роҳбарӣ дар пеши худ вазифаҳои зерин, аз қабили ташкили сохторҳои давлатӣ, ба эътидол овардани ҷомеа, хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандиро ба миён гузоштанд. Ҷавони чилсола, ки ба қавли худашон таҷрибаи калони роҳбарӣ надоштанд, муваззаф гардиданд, ки муҳимтарин масъалаҳои сиёсиву иҷтимоиро ҳал намоянд. Раиси Шӯрои Олӣ корро аз интихоби аъзои Ҳукумат шурӯъ карда, вазирони қудратиро таъйин намуданд. Пасон, масъалаҳои ба рӯзномаи Иҷлосия воридшударо баррасӣ ва кори Иҷлосияи таърихиро 2 декабри соли 1992 ҷамъбаст карданд. Дар ин муддат санадҳое арзёбӣ шуданд, ки ҳар кадом барои ором кардани вазъи сиёсӣ, паст кардани шиддати ҷанг, пайдо кардани роҳҳои гуфтушунид, ба эътидол овардани ҷомеа ва таъмини сулҳу субот дар мамлакат дақиқан мусоидат карданд.

Баъди ба анҷом расидани Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ Раиси навтаъйин барои ба шаҳри Душанбе рафтан омодагӣ гирифта, баъди як чанд рӯз ба пойтахти мамлакат омаданд. Вазъият ҳамон шабу рӯзҳо дар Душанбе боз ҳам мураккаб гардида буд. Аҳолии шаҳр ва дигар минтақаҳо аз ноамнӣ ва нарасидани нону орд ва дигар маводи ғизоӣ азият мекашиданд.

Раиси Шӯрои Олӣ вазъиятро таҳлил намуда, қарорҳои дахлдор ба тасвиб расониданд. Дар баробари ин ба роҳбарони ҳамонвақтаи Федератсияи Россия, Узбекистон, Қазоқистон телефонӣ суҳбат намуда, барои қарз гирифтани ғалла кумак талаб карданд. Дар муддати кӯтоҳ эшелонҳои ғаллаву орд ба Душанбе ворид шуданд. Корхонаҳои аз кор мондаи нонпазӣ дар пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳо ба кор даромаданд ва аҳолӣ бо нону орд таъмин шуда, буҳрони шадиди гуруснагӣ бартараф  гардид.

Хидмати Иҷлосияи таърихӣ ва саҳми Раиси тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон дар баргардонидани гурезаҳо беназир мебошад. Он кас ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихӣ иброз намуда буданд, ки “ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам”. Бо мақсади амалӣ кардани ин қавли ҷавонмардона Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо»-ро, ки дар Иҷлосияи тақдирсоз ба тасвиб расида буд, асоси кори худ қарор доданд. Ин ҳуҷҷати муҳим ба гурезаҳо ёрии моддӣ ва имтиёзнокро кафолат медод ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандонро таъмин мекард. Аз ин хотир, Сарвари ҷавон ба Қонуни мазкур такия карда, бо мақсади иҷрои он тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешиданд. Аввал минтақаи Вахшро аз гурӯҳҳои нопоку ҷангҷӯ тоза карда, вазъиятро дар собиқ вилояти Қурғонтеппа ва атрофи он пурра ба эътидол оварданд. Сониян, сокинони гурезаи Вахшонзаминро, ки ба ноҳияҳои мухталифи минтақаи Кӯлоб кӯч баста буданд, ба хонаҳояшон баргардонида, пасон фирориёнеро, ки дар хоки Афғонистон умр ба сар мебурданд, барои баргаштан ба Ватан даъват намуданд.

Барои овардани фирориён як гурӯҳ ба Афғонистон рафта, аз номи Раиси Шӯрои Олӣ кафолати осоиштагии фирориёнро расониданд ва барои баргардонидани онҳо шароит фароҳам оварданд. Дар натиҷа ҳазорҳо нафар фирорӣ тариқи қатораҳо ба хоки аҷдодиашон баргаштанд. Баъди бозгашт фирориёни иҷборӣ изҳори шодӣ карда, ба саркардагони ҷанг нафрат мехонданд ва шукри Ватану зодгоҳашон менамуданд. Ин ҷанги хонумонсӯзу бародаркуш ба гурезагон таъсири амиқ гузошт. Баъзе занону мардон, тифлону наврасони фирорӣ бо иллати гуруснагӣ, беморӣ, шиканҷаи рӯҳӣ бо ғурбату алам дур аз диёр дар мулки бегона ҷон доданд ва барояшон як гӯшаи Афғонистон макони охират қарор гирифт. Бояд гуфт, ки «гӯристони ғарибон» асорати ҷанги шаҳрвандӣ буда, ҳамчун фоҷеаи сангин абадан дар хотири халқи боқӣ мемонад. Таърих ин лаҳзаҳои дар ғурбату мусофират ва дур аз Ватан ҳалок шудани фарзандони бегуноҳашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Дар ин мавзӯъ садҳо манзума, рубоиву ғазал, шеъру суруд таълиф шудаанд, ки ҳасрати дардолудаи инсони ғарибро ниҳоят ҷонгудоз ва пурҳаяҷон ифода менамоянд.

Доир ба теъдоди гурезагон ва фирориён дар як суҳбаташ Х.Холиқназар таъкид менамояд, ки «дар давраи солҳои 1993-2000 -ум ҳамагӣ 950 ҳазору 599 нафар ба ҷойҳои зисти доимии худ дар саросари Тоҷикистон баргардонида шуданд, ки аз ҷумлаи онҳо аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил теъдоди 201 ҳазору 601 нафар, Афғонистон 51 ҳазору 345 нафар ва аз ноҳияҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 697 ҳазору 653 нафар буданд. Дар чунин марҳилаи хеле кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии роҳбари ҷавону кордон Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҳамаи гурезагонро дубора ба Ватан баргардонад ва бо манзили истиқоматӣ таъмин намояд».

Дар ҳақиқат, баргардонидани фирориён ва ҷо ба ҷо намудани гурезаҳо дар макони зисташон кори ниҳоят мураккаб ва вазнине буд, ки Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз уҳдаи он бо муваффақият баромаданд ва аҳолии бесарпаноҳро соҳиби хонаву ҷой ва макони зист намуданд. То расидан ба ин пирӯзӣ борҳо Роҳбари давлат бо намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ вохӯрда, ба минтақаҳои мухталиф сафар намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати барқарор кардани ҷойҳои харобгашта тадбирҳои судманд андешида, шаҳру ноҳияҳои дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ харобгардидаро обод намуданд.

Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишварро низ яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи худ қарор дода, дар ин самт корҳои зиёди умедбахшро амалӣ намуданд.  Ин тадбир душвориҳои зиёде ҳам дошт. Гурӯҳҳои мухолиф аз ҷанг даст кашидан намехостанд ва роҳбарони сиёсиашон Ҳукумати қонуниро эътироф намекарданд. Барои ҳалли ин масъалаи нозук Раиси Шӯрои Олӣ маҷбур шуданд, ки борҳо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Узбекистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар давлатҳо сафар намоянд ва вазъияти мамлакатро бо роҳбарони давлатҳои шарик  ва ҳомии сулҳи Тоҷикистон шарҳ диҳанд. Ва ба ин восита ба гуфтушинид омода будани роҳбарияти кишварро эълон карда, пеши роҳи хунрезиро гирифтан мехостанд. Ниҳоят баъди музокираву вохӯриҳо ва иҷрои протоколҳои баҳсӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия «Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухоллифини тоҷик» ба имзо расид.

Ҳуҷҷати мазкур қадами ҷиддӣ ва устувор дар роҳи таъмини суботи сиёсӣ дар кишвар маҳсуб мешуд. Баъди баргаштан аз Федератсияи Россия Раиси Шӯрои Олӣ аз ҳисоби сиёсатмадорон, олимон, аъзои ҳизбҳои мухталиф Гурӯҳи корӣ таъсис дода, онро вазифадор карданд, ки якҷо бо мухолифин масъалаҳои дигари баҳсиро матраҳ намоянд ва барои расидан ба сулҳу суботи саросарӣ наздик шаванд. Ин давраи мураккаб,  роҳи росту ҳамвор набуд ва вақти зиёде талаб мекард. Аммо Сарвари ҷавону умедбахш бо таҳаммул ин ҳамаро паси сар карда, ба мардуми тоҷик сулҳ оварданд ва вазъи сиёсиро дар кишвар муътадил гардониданд.

Бояд гуфт, ки то расидан ба сулҳу субот дар кишвар корҳои зиёде амалӣ гардиданд. Дар ин давра сохторҳои давлатӣ муайян шуданд. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ташкил ёфтанд. Конститутсия ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардид. Ҳамзамон дар мамлакат вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ то андозае ба эътидол оварда шуд.

Дар ором гардидани вазъ дар мамлакат ва расидан ба сулҳи саросарӣ, бешубҳа, нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ниҳоят бузург мебошад. Ин Иҷлосия халқи тоҷикро аз парокандагӣ, нобудшавӣ ва аз саҳифаи таърих ба нобудӣ рафтан раҳо намуд. Агар ин Иҷлосия доир намегашт, шояд давлати тоҷикон аз харитаи ҷаҳон нест мегардид. Ҳатто буданд қувваҳое, ки намехостанд мардуми тоҷик муттаҳид гарданд, давлат созанд ва мустақилона тақдири худашонро бо дасти худашон бунёд намоянд. Аммо Иҷлосия нагузошт, ки ин ҳодиса рух диҳад ва кишвари мо чандпорча гардад ва ба куллӣ аз байн равад. Дар ҳамон шабу рӯз инчунин дар дохили толори маҷлисгоҳ ва берун аз он ҳам баҳсҳои гуногун идома меёфтанд ва тарафҳои ҳавасманд талош мекарданд, ки ба кори Иҷлосия халал ворид созанд ва вазъ ором нагардад. Аммо ақли солим ғалаба намуд ва аксарияти вакилон барои расидан ба сулҳу субот ва ҳифз кардани якпорчагии Тоҷикистон кӯшиш карданд ва ба мақсадашон расиданд. Бо ин роҳ давлати тоҷикон аз хатари парокандагӣ раҳоӣ ёфт ва умед ба фардои нек пайдо гардид.

Бояд гуфт, ки дар байни вакилон шахсиятҳои маъруф ва донишманд кам набуданд. Онҳо низ барои расидан ба сулҳи пойдор саҳми бузург гузоштанд ва таҷриба ва дониши сиёсии худро ба нафъи халқашон равона намуданд. Қисми зиёдашон бо Раиси Шӯрои Олӣ ҳамфикр шуда, дар маҷлисҳо фаъолона баромад мекарданд, ба  қабули дурусти қарору қонунҳо мусоидат менамуданд ва бо масъулият роҳи дурусти баромадан аз буҳрони сиёсиро пешниҳод мекарданд. Ҳамин боис шуд, ки Иҷлосия қарорҳои дахлдор қабул намуд ва роҳи расидан ба субот наздиктар гардид.

Хидмати дигари Иҷлосияи шонздаҳум қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» мебошад. Тибқи ин Қонун  шахсоне, ки аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар муқовиматҳои мусаллаҳона иштирок доштанд, ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир карда буданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод гардиданд. Ин ташаббуси вакилони Иҷлосия барои ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва таъмини сулҳу субот дар мамлакат таъсири амиқ гузошт. Дар асоси ин Қонун қарори дахлдор ба тасвиб расида, иҷрои он бар дӯши Раиси Шӯрои Олӣ вогузор гардид. Раис минбаъд татбиқи ин санади муҳимро дар қаламрави кишвар зери назорати қатъӣ гирифта, пеши роҳи ноадолатӣ, хусуматҳои шахсӣ ва манфиатҳои гурӯҳиро гирифт ва барои нисбатан паст кардани шиддати  сиёсати дохилӣ мусоидат намуд.

Дар Иҷлосияи шонздаҳум инчунин ду ҳуҷҷати дигари муҳим, ки ба муайян кардани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ доштанд, қабул гардиданд. Ин санадҳои тақдирсоз барои баланд рафтани обрӯйи давлат ва шинохти он ҳамчун кишвари соҳибистиқлол нақши муҳим бозиданд. 24 ноябри соли 1992 таҳти сарварии Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон» ва қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муҳокимаи вакилони Шӯрои Олӣ вогузор гардид. Барои равшанӣ андохтан ба ин рамзҳои давлатӣ як зумра олимон ва зиёиёни шинохтаи кишвар низ даъват гардиданд. Баъди муҳокима ва баҳсҳои тӯлонӣ дар бораи ин ду санад қарорҳои дахлдор қабул шуданд ва Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби рамзҳои давлатӣ гардид.

Бояд гуфт, ки ин ду санади ҳуқуқӣ боис гаштанд, ки кишвари мо соҳиби Парчам ва Нишони давлатӣ гардад ва ба ин восита мамлакати худро дар ҷаҳон муаррифӣ намояд. Ин рукнҳои миллӣ бо баҳсҳои зиёд ва муҳокимаҳои шадид рӯ ба рӯ шуданд, вале ҷасорати Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ имкон дод, ки онҳо бо овози бештар қабул шаванд ва то ба имрӯз дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ Тоҷикистони азизро муаррифӣ намоянд ва дар назди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар қатори парчамҳои дигар кишварҳо барафрохта шаванд.

Ба ақидаи С. Раҷабов, «ҳамин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буданд, ки дар муддати чанд рӯз имиҷи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро ба куллӣ тағйир доданд ва ба таҳкими мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо аксари кулли мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд».

Бешак, дар роҳи шинохти давлат ва муаррифии шоистаи он ин ду санади таърихӣ нақши беназир бозиданд ва мавқеи сиёсии давлати ҷавонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд. Аксари ҷомеа аз ин қарорҳои Иҷлосияи таърихӣ рӯҳбаланд гаштанд ва ба рӯйдоди муҳимми тақдирсоз баҳои баланд доданд.

Дар ҳамон давра барои расидан ба сулҳу субот ва иҷрои қарорҳои Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ инчунин интихоби ғояи ватандӯстона низ нақши бузург мебозид. Аз ин рӯ,  Раиси Шӯрои Олӣ дар атрофи Тоҷикистони соҳибихтиёр муттаҳид кардани тамоми қишрҳои ҷомеаро ҳамчун ғояи ваҳдатофар қабул карданд ва аз ҷомеаи сулҳдӯст даъват ба амал оварданд, ки дар аторофи ин идеяи муттаҳидсоз сарҷамъ гарданд. Ин пешниҳоди Сарвари давлат аз тарафи Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати ваҳдати миллӣ, Шӯрои куҳансолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинони мамлакат ба хубӣ пазируфта шуд ва дар таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвар нақши ҳалкунанда бозид.

Ба ақидаи профессор С. Фаттоҳзода, «маҳз дар Иҷлосияи XVI Сарвари давлатамон баъди интихоб шуданашон аз мардуми саросари  кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар атрофи ғояи «Тоҷикистони соҳибихтиёр — Ватани маҳбубу ягонаи мо» ба ҳам омада, муттаҳиду якдилу яктан шаванд. Хушбахтона, тамоми сокинони мамлакат ин даъватро сарҷамъона пазируфтанд ва барои барқарорсозии сохторҳои қонунии кишвар камар бастанд. Марҳилаи нави ба эътидол овардани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар мамлакат маҳз аз ҳамин давра оғоз ёфт. Бинобар ин мардуми мамлакат Иҷлосияи мазкурро тақдирсозу ҳалкунанда меноманд».

Дар воқеъ, Иҷлосияи шонздаҳум маҳаки давлатдори миллии тоҷикон гардид ва барои рушди Ватани азизамон заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ҳамин замина мардуми сарбаланди тоҷик бо ҳам муттаҳид гашта, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ талош намуданд, мушкилоти зиёдро паси сар карда, барои пешрафти Тоҷикистони маҳбуб роҳи васеъро боз намуданд.

Бо азми диловаронаи мардум такя карда, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рафъи мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ даст заданд ва якҷо бо халқи ватандӯсташ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон корҳои созандагиву ободкориро оғоз намуданд.

Дар аввал Роҳбари давлат ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ иқдом гирифта, барои барқарор кардани инфрасохтори ин бахшҳои зарурӣ талош карданд. Дар ин замина вазъи мактабу маориф ва соҳаҳои дигари иҷтимоиро ба низом дароварда, ҷиҳати таҳкими пояҳои модиву техникии онҳо заминаи мусоид фароҳам оварданд. Ҳамзамон фаъолияти сохторҳои давлатиро мустаҳкам карда, мавқеи ҷавонон ва занонро дар ҷомеа баланд бардоштанд ва барои боло рафтани ҳисси ватандӯстии аҳли ҷомеа тадбирҳои зиёде андешида, анъанаҳои миллиро дар кишвар эҳё намуданд.

Сониян, ба соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла рушди саноат, энергетика ва нақлиёт мусоидат карда, ислоҳоти заруриро дар ин бахшҳо ҷорӣ намуданд. Бо саъю кӯшиши Роҳбари кордон якчанд  барномаҳои муҳимми давлатӣ ва стратегияи миллӣ дар мамлакат амалӣ гашт ва Тоҷикистон ба қатори давлатҳои рӯ ба рушд ворид гардид.

Дар амалӣ гаштани ин ҳама корҳои бузургу созанда нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, бешак назаррас мебошад. Он оғозбахши таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистони азиз ба шумор рафта, сарчашмаи хушбахтии халқ, таъмини сулҳу субот, якпорчагиву ваҳдати миллӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад. Ин Иҷлосияи тақдирсоз давлатдории миллиро эҳё намуд ва роҳи навсозиҳои азимро дар Ватани маҳбубамон боз гардонид. Аз ин рӯ, халқи зафарманди тоҷик ин рӯйдоди таърихиро муқаддас дониста, дар мамлакат ҷашни онро дар вазъияти орому осоишта ва сулҳу субот бо ифтихор таҷлил менамояд.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
Сафири Фавқулода ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Ҷумҳурии Узбекистон,
академики Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон

 АКС:АМИТ   «Ховар»

Ноябрь 16, 2022 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Қазоқистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд