ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲАМА БЕШ РУШДЁБАНДА МЕШАВАД. Бонки рушди Авруосиё афзоиши рекордии ММД дар Тоҷикистонро барои соли 2023 пешгӯӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилгарони Бонки рушди Авруосиё (БРАО) афзоиши ММД-и Тоҷикистонро дар нақшаи заминавӣ дар соли 2023 пас аз 7,5%-и соли ҷорӣ 6,5% пешгӯӣ мекунанд. Ба гуфтаи коршиносон, ин афзоиш миёни кишварҳои узви ин ниҳоди молӣ баландтарин хоҳад буд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, таҳлилгарони Бонки рушди Авруосиё зимни пешгӯии хурди худ барои соли 2023 ба ин хулоса омадаанд.
«Ноил гардидан ба анҷоми давраи барқароршавӣ дар иқтисод пас аз анҷоми марҳилаи шадиди пандемияи коронавирус идомаи таназзули иқтисодӣ буда, дар пасманзари заифшавии рубли русӣ ва коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои воридотӣ дар минтақа сурат гирифт», — мегӯянд таҳлилгарони БАОР дар Дурнамои макроиқтисодӣ барои соли 2023 доир ба масъалаи коҳиши умумии афзоиши ММД дар кишварҳои узви ин созмон.
«Рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли оянда миёни кишварҳои узви ин ниҳоди молии минтақавӣ баландтарин — 6,5% хоҳад буд», — мегӯянд таҳлилгарони БАОР. Афзоиши нисбатан баланди иқтисоди Тоҷикистонро чун “васеъ кардани иқтидорҳо дар соҳаҳои пешбурди саноат ва иҷрои барномаҳои иқтисодии ҳукумат” шарҳ медиҳанд. Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон, тибқи пешгӯии мутахассисони БРАО, дар соли 2023 аз 6,9%-и соли 2022 то 6% коҳиш хоҳад ёфт. Таҳлилгарони ин бонк мегӯянд,ки «коҳиши тадриҷан дар қимати молу маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ барои мақомоти молиявии кишвар назорати таваррумро осон мекунад».

Тибқи пешгӯии онҳо, сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба нигоҳ доштани афзоиши нархи молу хизматрасонӣ барои истеъмолкунандагон дар доираи параметрҳои мақсаднок нигаронида шудааст, ба коҳиши афзоиши нархи истеъмолӣ нисбат ба соли 2022 мусоидат мекунад.
Иқтисодиёти Арманистон ва Қазоқистон дар соли 2023 дар сатҳи 4,2%, Қирғизистон — 3,5%, Беларус — 0,3% ва коҳиши иқтисоди Россия дар сатҳи -2% пешбинӣ шудааст. Тибқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия, маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар соли равон 2,9% ва дар соли 2023 0,8% коҳиш хоҳад ёфт.
Дар ҳамин ҳол, Бонки Россия интизор дорад, ки коҳиши иқтисоди Россия то охири сол 3-3,5% ва соли оянда 1-4% хоҳад буд.
АКС аз бойгонӣ








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






