«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Имрӯз дар Душанбе маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 25.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» доир мегардад. Тибқи талаботи Низомномаи озмун, дар даври ҷумҳуриявӣ ғолибони даври сеюми озмун аз шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт бо теъдоди то 5-нафарӣ иштирок менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар 7 номинаи даври ҷумҳуриявии озмун то 30-нафарӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (ва литсею гимназияҳо), то 30- нафарӣ донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дар номинаи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» то 30 нафар намояндагони соҳаи илму маориф, омӯзгорону муҳандисон иштирок намуданд.
Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат соли дуюм аст, ки дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баргузор мешавад.
Дарр он хонандагону донишҷӯён ва ихтироъкорон сатҳи донишу малакаи худро вобаста ба ин самтҳо дар шакли ҳалли мисолу масъалаҳо, баёну баррасӣ ва асосноккунии шифоҳии қонунияти физикӣ, теоремаву аксиомаҳо, исботи онҳо, гузаронидани озмоишҳои амалӣ ва коркардҳои инноватсионию ихтирооти хеш нишон медиҳанд.
Дар замони муосир, ки бо рушди бесобиқаи техника ва технологияҳои баланд ва мавқею нақши марказии иқтидори илмӣ фарқ мекунад, донишҳои техникӣ ва риёзию табиатшиносӣ мавқеи калидӣ доранд. Аз ин лиҳоз озмуни мазкур на танҳо барои муайян намудани беҳтарин донишмандони ҷавони ин соҳаҳо, балки барои замина гузоштан ба рушди равандҳои омоданамоии кадрҳои баландихтисос баҳри боз ҳам пурқувват намудани сафи намояндагони ҷомеаи илмии кишвар аҳамияти муҳим дорад.
Тибқи банди 43 Низомномаи озмун иштирокчиёни фаъол, ки соҳиби ҷойҳои 4, 5, 6 гардиданд, бо нишони «Илм ва инноватсия» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо сарфароз гардонида мешаванд. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегарданд.
Ҳамчунин яке аз фарқияти озмуни соли равон аз соли якум дар он аст, ки дар Низомномаи озмуни имсола имтиёзҳои иловагӣ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, тибқи банди 47 Низомномаи озмун иштирокчиёни даври чорум, новобаста аз он ки ғолиб омаданд ё танҳо фаъол буданд, метавонанд ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар бе озмун ба тариқи ройгон қабул гарданд.
Ин иқдоми неку созанда бори дигар ғамхорӣ ва муносибати бунёдии Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлатро нисбат ба кормандони илму маориф, махсусан ҷавонони соҳибилм ва дар умум тамоми миллати илмофари тоҷик собит менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






