«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Имрӯз дар Душанбе маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад

Ноябрь 25, 2022 08:52

ДУШАНБЕ, 25.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» доир мегардад. Тибқи талаботи Низомномаи озмун, дар даври ҷумҳуриявӣ ғолибони даври сеюми озмун аз  шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт бо теъдоди то 5-нафарӣ иштирок менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар 7 номинаи даври ҷумҳуриявии озмун то 30-нафарӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (ва литсею гимназияҳо), то 30- нафарӣ донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дар номинаи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» то 30 нафар намояндагони соҳаи илму маориф, омӯзгорону муҳандисон иштирок намуданд.

Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат соли дуюм аст, ки дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баргузор мешавад.

Дарр он хонандагону донишҷӯён ва ихтироъкорон сатҳи донишу малакаи худро вобаста ба ин самтҳо дар шакли ҳалли мисолу масъалаҳо, баёну баррасӣ ва асосноккунии шифоҳии қонунияти физикӣ, теоремаву аксиомаҳо, исботи онҳо, гузаронидани озмоишҳои амалӣ ва коркардҳои инноватсионию ихтирооти хеш нишон медиҳанд.

Дар замони муосир, ки бо рушди бесобиқаи техника ва технологияҳои баланд ва мавқею нақши марказии иқтидори илмӣ фарқ мекунад, донишҳои техникӣ ва риёзию табиатшиносӣ мавқеи калидӣ доранд. Аз ин лиҳоз озмуни мазкур на танҳо барои муайян намудани беҳтарин донишмандони ҷавони ин соҳаҳо, балки барои замина гузоштан ба рушди равандҳои омоданамоии кадрҳои баландихтисос баҳри боз ҳам пурқувват намудани сафи намояндагони ҷомеаи илмии кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Тибқи банди 43 Низомномаи озмун иштирокчиёни фаъол, ки соҳиби ҷойҳои 4, 5, 6 гардиданд, бо нишони «Илм ва инноватсия» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо сарфароз гардонида мешаванд. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегарданд.

Ҳамчунин яке аз фарқияти озмуни соли равон аз соли якум дар он аст, ки дар Низомномаи озмуни имсола имтиёзҳои иловагӣ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, тибқи банди 47 Низомномаи озмун иштирокчиёни даври чорум, новобаста аз он ки ғолиб омаданд ё танҳо фаъол буданд, метавонанд ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар бе озмун ба тариқи ройгон қабул гарданд.

Ин иқдоми неку созанда бори дигар ғамхорӣ ва муносибати бунёдии Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлатро нисбат ба кормандони илму маориф, махсусан ҷавонони соҳибилм ва дар умум тамоми миллати илмофари тоҷик собит менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 25, 2022 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?
1 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад