Имрӯз дар беш аз 90 фоизи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон майдонҳо бо сутунпояи парчам мавҷуданд

Ноябрь 24, 2022 14:20

ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Парчами миллӣ мисли дигар рамзҳои давлатӣ дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ миёни шаҳрвандони мамлакат, муҳаббат ба Ватан нақши муҳим дорад. Дар Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад ва  маълумоти Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи ин гуфтаҳост.

«Имрӯз дар 90 дарсади мамлакат, яъне қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳо майдонҳое мавҷуданд, ки сутунпояи парчам доранд ва дар онҳо Парчами давлатии Тоҷикистон ҷилвагар аст. Дар ояндаи наздик дар ҳудуди 3 ноҳияи боқимонда низ сутунпояҳои парчам бо майдонҳояшон сохта мешаванд, ки шаҳрвандон дар онҷо истироҳат ва маҳфилҳои фарҳангӣ баргузор менамоянд», — гуфтанд дар кумита.

Дар Кумита  тазаккур доданд, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ идома доранд ва ояндаи наздик 65 шаҳру вилояти ҷумҳуриро  майдонҳо бо сутунпояҳои парчамҳо оро медиҳанд.

Бояд гуфт, ки бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказҳои шаҳру навоҳии мамлакат майдонҳои Парчами давлатӣ бо хиёбонҳои замонавӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки ин ба бедории ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ заминаи воқеӣ мегузорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистонро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, зикр карданд, ки шаҳрвандони мамлакат вазифадоранд зери Парчами давлатӣ боз ҳам бештар муттаҳид шаванд, барои ҳифзи марзу буми Ватан ва таҳкими давлатдории нав ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, манфиатҳои миллию давлатиро дифоъ намоянд, барои расидан ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саъю кӯшиш намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 24, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад