Имрӯз дар шаҳри Душанбе барфи аввал меборад

Ноябрь 8, 2022 14:39

ДУШАНБЕ, 08.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон ба барфи тар табдил меёбад. Соли гузашта барфи аввал дар шаҳри Душанбе 17 ноябр борида буд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ медиҳад, ки 9 ноябр дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барфи тар дар назар аст. Рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 2 ва рӯзона 12 дараҷа гарм мешавад. Инчунин 10-11 ноябр ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона 3 ва рӯзона 14 дараҷа гарм мешавад.

Аз 10 то 13 ноябр дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7 ва рӯзона 16 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5 дараҷа хунук ва рӯзона то 10 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд 10 — 13 ноябр ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, 10 ноябр дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6 ва рӯзона 12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 11 то 16 дараҷа хунук, рӯзона то 3 дараҷа гарм пешбинӣ гардидааст.

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро дар ин рӯзҳо ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор аст. 10 ноябр дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6 ва рӯзона 14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 6-11 то 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 6 дараҷа гарм мешавад.

Тайи чор рӯз дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 8, 2022 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд