Кишварҳои ИДМ сиёсати нархгузории роҳи оҳанро барои ҳамлу нақли бор дар соли 2023 қабул намуданд
ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати нархгузории роҳи оҳани кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиҳати ҳамлу нақли байналмилалии бор барои соли 2023 қабул шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Агентии «БелТа» бо истинод ба хадамоти матбуоти роҳи оҳани Беларус иттилоъ дод.
Дар конфронси нархгузории маъмурияти роҳи оҳани иштирокчиёни созишномаи тарифӣ сиёсати нархгузории роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ барои ҳамлу нақли байналмилалии бор дар соли 2023 қабул карда шуд. Сиёсати нархгузорӣ мутобиқи принсипҳои асосии консепсияи муқаррарнамудаи сиёсати мувофиқашудаи нархгузорӣ барои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои узви Иттиҳод, ки моҳи октябри соли 1996 аз ҷониби Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
Вазифаҳои идоракунии сиёсати нархгузорӣ дар соли 2023 ба зиммаи идораи роҳи оҳани Қазоқистон вогузор шудаанд.
Сиёсати нархгузории ИДМ барои соли 2023 дар сомонаи расмии ҶДММ «КТЗ – Нақлиёти боркашонӣ» ва сомонаи расмии Роҳҳои оҳани Беларус (қисмати «Нақлиёт») ҷойгир карда мешаванд. Сиёсати нархгузории ИДМ инчунин шартҳои асосии нархгузории Роҳи оҳани Беларусро барои соли 2023 фаро мегирад.
АКС аз бойгонӣ








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






