Комиссияи доимамалкунанда арзёбии мавқеи Тоҷикистонро дар рейтингҳои байналмилалӣ баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ҷаласаи нахустини Комиссияи доимамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа роҳбарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти судӣ ва қудратӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар аъзои комиссия ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа мақсад ва вазифаҳои комиссия, ҳайати он, гузориш оид ба раддабандиҳои байналмилалӣ ва нақшаи кори Комиссияи доимамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ барои солҳои 2022-2023 баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода оид ба мавқеи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ гузориш дод.


Ҳамчунин дар чорабинӣ роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи бистуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ таъкид намуданд, ки «воқеан, ташкили рейтинги миллӣ ҳамчун низоми баҳогузории рушди иқтисодии маҳал ба баланд бардоштани масъулияти мақомоти маҳаллӣ, натиҷаҳои фаъолияти онҳо, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами идоракунӣ дар сатҳи минтақавӣ, арзёбӣ ва муайян намудани мушкилоти соҳибкорон, инчунин идомаи ислоҳот мусоидат менамояд».
Бинобар ин, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки якҷо бо Агентии омор, Кумитаи рушди маҳал, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати мунтазам гузаронидани арзёбии миллии фазои сармоягузорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, натиҷаҳои рейтинги миллии фазои сармоягузориро дар кишвар муайян намоянд.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






