Комплекси минтақавии энергетикии ноҳияи Ишкошим ба давраи тирамоҳу зимистон омода аст
ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Комплекси минтақавии энергетикии ноҳияи Ишкошим ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 дар сатҳи зарурӣ омода аст. Дар ин бора роҳбари комплекси мазкур Шерафкан Хисравбеков зимни машварати васеи назди Раиси ноҳияи Ишкошим гузориш дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим.
Ҳамзамон дар ҳамоиш масъалаҳои таҳлили ҷамъбасти натиҷаҳои кишту кори тирамоҳӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия, таъйин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва сари вақт пардохт намудани нафақа, кумакпулиҳои ба он баробар дар асоси талабномаҳои пешбинишуда» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода дар ҷамъбасти кори машварат ба як зумра роҳбарони идораву муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки барои минбаъд беҳтар ба роҳ мондани корҳо тадбирҳои зарурӣ ва амалӣ роҳандозӣ намоянд.
АКС: МИҲД Ишкошим








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






