«КОНСТИТУТСИЯ-БА ҲАР ХОНАДОН!». Бахшида ба 28-солагии қабули Конститутсия ташаббус анҷом дода мешавад

Ноябрь 2, 2022 09:55

ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашнии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори 28-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси «Конститутсия-ба ҳар хонадон!» бо тақсим намудани китоби Конститутсия амалӣ мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Мақсад аз роҳандозии ташаббуси мазкур- ин мавҷуд будани Конститутсия дар ҳар хонадон, эҳтиром ва риояи муқаррароти қонуни асосии кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худогоҳии миллӣ, эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ба одати доимии шаҳрвандон табдил додани риояи қонунҳои амалкунанда мебошад.

Илова бар ин, иқдоми мазкур ба шаҳрвандони мамлакат ҷиҳати бештар бархӯрдор гардидан аз меъёрҳои Конститутсия ва ҳуқуқҳояшон мусоидат менамояд.

Дарвоқеъ, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар ба таври мустақим амал намуда, дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф шудаанд. Бо дарназардошти арзиши меҳварӣ қарор гирифтан инсон дар санади олии ҳуқуқии Тоҷикистон он чун яке аз нодиртарин Конститутсия дар ҷаҳон пазируфта шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия дар низоми идоракунии давлатдории миллӣ саҳифаи нав оғоз намуд ва миёни ҷомеа дигаргунии куллӣ ба вуҷуд овард.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихии гузариш ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Маҳз тавассути Конститутсия рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд таъмин карда шуд.

АКС: КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор

Ноябрь 2, 2022 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд