«КОНСТИТУТСИЯ – РАМЗИ ОЛИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ КИШВАР». Дар Кумитаи забон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар сатҳи Конститутсия эътироф шудани забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ имкон дод, ки арзишҳои миллию фарҳангии миллати тоҷик эмин нигоҳ дошта шуда, барои эҳёи дубораи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Ин матлабро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Маҳмадҷонзода зимни ҷамъомад таҳти унвони «Конститутсия – рамзи олии истиқлолияти кишвар» иброз намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зикр шуд, ки дар заминаи Конститутсия забони тоҷикӣ дар кишвар рушд ёфта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз соли 2009 дар таҳрири нав қабул карда шуд, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ ва истифодаи онро дар кишвар танзим менамояд. Инчунин мақоми махсуси ваколатдор дар ин соҳа — Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар ҳамоиш, ки ба ифтихори таҷлили 28-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳукукшиносӣ, дотсент Ҷамшед Ҷамшедзода, муовини раиси Кумита доктори илми филология, профессор Сахидод Раҳматуллозода ва кормандони Кумита иштирок дошта, нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушду ташаккули давлату ҷомеаи миллӣ ва соҳибистиқлоли мо муҳим арзёбӣ намуданд.
Иштирокдорон доир ба таърихи ташаккул ва мазмуну моҳияти Конститутсия ва нақши он дар ташкили низоми мақомоти давлатӣ ва рушди идоракунии давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ва мақому манзалати забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.
Ҳамзамон иштирокдорони ҳамоиш нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушду ташаккули давлату ҷомеаи миллӣ ва соҳибистиқлоли мо муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд






