МАОРИФ-СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОК. Дар деҳаи Деҳқонободи шаҳри Турсунзода масъалаи набудани мактаб ҳал гардид

Ноябрь 30, 2022 11:56

ТУРСУНЗОДА, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи дурдасти Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои асосии муассисаи таълимии №50 ботантана мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Дар расми ифтитоҳи он муовинони раиси шаҳр ва сокинону хонандагон иштирок намуданд.

Сохтмони бинои муассисаи таълимии №50 дар замони Шӯравӣ оғоз гардида буд. Мутаассифона, бо сабаби пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони ин муассиса ба анҷом нарасида, дар даврони нобасомониҳо биноҳои нотамоми он ба харобазор табдил гардиданд. Зиёда аз 200 нафар кӯдакони деҳаи Деҳқонобод дар муассисаи таълимии ибтидоӣ, ки бинояш садамавӣ буд, таҳсил мекарданд. Хонандагони синфҳои болоӣ ҳамарӯза то 10 км роҳро тай намуда, дар дигар муассисаҳои таълимӣ дарс мехонданд.

Раиси Ҷамоати деҳоти Регар Изатулло Аҳмадзода гуфт, ки хушбахтона, бо дастгириҳои бевоситаи Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва соҳибкорону сокинони ҷамоат дар муддати 10 моҳ бинои асосии муассисаи таълимӣ ба таври ҳашар барои сесад нафар хонанда дар як баст сохта, ба истифода дода шуд ва мушкилоти сокинон пурра бартараф гардид. Аз сабаби он ки муассисаи мазкур аз якчанд бино иборат мебошад, ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда давра ба давра биноҳои боқимода низ ба истифода дода шаванд.

Дар маросими ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ ба соҳибкорон, саховатмандону сохтмончиён ифтихорнома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзодаро тақдим гардиданд.

Зимни маросими ифтитоҳи муассисаи таълимӣ зикр гардид, ки маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа ба шумор рафта, ояндаи ҷумҳурӣ аз мактабу маориф ва омӯзгор вобастагии калон дорад. Баробари таълиму тарбияи насли наврас таълимдиҳандаро мебояд, ки ҳамарӯза баҳри баланд бардоштани савияи дониши худ кӯшиш карда, усулҳои нав ба нави замонавии таълимро аз худ намояд, то фардо ба шогирдон сабақи маърифат дода тавонад. Ҳамчунин падару модаронро зарур аст, ки масъулият ҳис намуда, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, дар рушди Тоҷикистони азиз саҳм гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат бо мақсади муҳайё намудани шароити таҳсил дар заминаи 25 муассисаи таълимӣ сохтмони 265 синфхонаи иловагӣ барои 6360 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Ноябрь 30, 2022 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид