«МОСКОВСКАЯ ПРЕМЬЕРА». Дар пойтахти Россия Фестивали байналмилалии кинои ИДМ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 30.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 ноябр то 5 декабри соли равон дар шаҳри Москва Фестивали 4-уми байналмилалии киноҳои кишварҳои ИДМ- «Московская премьера» баргузор мегардад, ки дар он филмҳои бадеӣ ва кӯтоҳмуддат аз давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия ва Узбекистон иштирок мекунанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Маросими ифтитоҳи фестивал 30 ноябр, соати 19.00 дар маркази кинои «Домжур» баргузор шуда, дар ифтитоҳи он филми мустанади «Тангаи кишвари Малави» пешниҳод мегардад.
Ҳайати ҳакамони озмуни филмҳои кӯтоҳро коргардон ва киношинос аз Тоҷикистон, коршиноси Шабакаи пешбурди кинои Осиё (NETPAC) Шарофат Арабова раҳбарӣ мекунад. Дар ҳайати ҳакамон намояндагони Озарбойҷон, Беларус, Молдова, Россия низ ҳастанд.
Маросими пӯшидашавӣ 4 декабр, соати 17.00 дар маркази кинои «Домжур» баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки дирӯз, 29 ноябр ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 қабул гардид. Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии лоиҳаи ин санад нақши хоси киноро дар ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва арзишҳои миллӣ зикр намуда, ба роҳбарияти МД «Тоҷикфилм» дастур доданд, ки филмҳои бадеӣ ва хуҷҷатии баландсифат ба навор гиранд, то ки гузаштаю имрӯзаи Тоҷикистонро инъикос намуда, дар фестивалҳои байналмилалӣ иштирок карда тавонанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






