Муаммоҳои мубрами ҳамкории давлатҳои аъзои СААД ва Созмони ҳамкории АвруОсиё дар соҳаи иҷтимоӣ ва гуманитарӣ баррасӣ гардиданд

Ноябрь 29, 2022 16:21

 ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси даъвати Донишгоҳи давлатии академии илмҳои гуманитарии Федератсияи Россия ва Академияи минтақавии Россия дар Арманистон ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Надежда Блиничкина ва мудири кафедраи сиёсатшиносӣ Шуҳрат Саидзода дар конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Муаммоҳои мубрами ҳамкории давлатҳои аъзои СААД ва Созмони ҳамкории АвруОсиё дар соҳаи иҷтимоӣ ва гуманитарӣ» иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Муъмин Шарифзода дар ҷаласаи пленарӣ дар мавзӯи «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф» ва доир ба имкониятҳо ва ҳадафҳои рушди ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии таълимии давлатҳои хориҷӣ андешаҳои хешро дар назди иштирокчиён баён кард.

Зикр гардид, ки ДДҲБСТ барои ҳамкории нав омода аст ва самтҳои нави онро бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ омода намудани барномаҳои таълимӣ, таъмини рақобатпазирии хатмкунандагон ва ба роҳ мондани ҳамкории илмӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф самтҳои афзалиятнок арзёбӣ менамояд.

Дар бахши кори конференсия, ки таҳти унвони «Ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ: ташаббусҳои муштарак дар соҳаи илм, маълумоти олӣ ва сиёсати ҷавонон» доир шуд, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ Надежда Блиничкина дар мавзӯи «Масъалаҳои таъмини бехатарии иқтисодӣ дар доираи СААД дар шароити тағйири низоми муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ» ва мудири кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ Шуҳрат Саидзода дар мавзӯи «Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии терроризм ва экстремизм дар доираи СААД» маърӯза намуданд.

Дар баромадҳо оид ба роҳҳои рушди сиёсати давлатҳои СААД дар соҳаи илму маориф, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, кор бо ҷавонон, инчунин ҳамгироӣ дар соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи таълим, илм ва инноватсия андешаронӣ карда шуд.

Ҳадафи конференсияи байналмилалӣ гузаронидани ҷаласаҳои илмӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ дар АвруОсиё байни намояндагони донишгоҳҳое, ки дар конференсия иштирок намуданд, ҳал ва пешгирии муаммоҳо дар соҳаи илм ва маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилот арзёбӣ карда шуд.

Ҳамчунин дар ҷамъбасти кори конференсия ҳамкории минбаъда таҳлилу баррасӣ гардид. Дар нақша чанд намуди фаъолият, аз ҷумла, ташкили ҳамкорӣ дар соҳаи табодули донишҷӯёну омӯзгорон, роҳбарии корҳои илмии устодону донишҷӯён, ташкили чорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон дар донишгоҳҳо, омода намудани маводҳои дарсӣ ва китобҳои таълимӣ ва ташкили барномаҳои таълимӣ муайян карда шуданд.

Дар натиҷаи сафар алоқаи ҳамкорӣ барои оянда байни ДДҲБСТ ва донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба нақша гирифта шуд.

АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

Ноябрь 29, 2022 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 106 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак рӯёнида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 47 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид
Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
Оид ба нақши занон дар низоми адолати судӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор додааст