Мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо низоми идоракунии маркази озмоишгоҳи SYKE шинос мешаванд

Ноябрь 23, 2022 16:11

ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти муҳити зисти Финландия (SYKE), воқеъ дар шаҳри Хелсинки вохӯрии мутахассисони тоҷику финӣ барои табодули таҷриба ва баррасии масоили марбут ба мониторинги обҳои рӯизаминӣ баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар вохӯрӣ муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Зарафо Қиёмзода ба коршиносони Институти муҳити зисти Финляндия дар бораи фаъолияти Кумита дар самти амалигардонии сиёсати экологӣ ва ҳамкории байналмилалӣ маълумот дод.

Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи финҳо дар назар аст, ки мутахассисони Кумита бо низоми идоракунии маркази озмоишгоҳи SYKE шинос шаванд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2022 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад