Музаффар Ашуриён дар Конгресси ҳаштуми умумиҷаҳонии мубориза бо ҳукми қатл дар Берлин иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 21.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 18 ноябр дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон Конгресси ҳаштуми умумиҷаҳонии мубориза бо ҳукми қатл баргузор гардид, ки дар ҳошияи Конгресс, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо Вазири федералии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федералии Германия Анналена Бербок мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ Анналена Бербок барои иштирок дар чорабинӣ ба ҳайати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки дар оянда муносибатҳои дуҷониба вусъат хоҳанд ёфт.
Музаффар Ашуриён аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гуманизатсияи қонунгузории ҷиноӣ пас аз эълони мораторий дар бораи ҳукми қатл аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2004 ба таври муфассал маълумот дод. Мораторий, ки аз лаҳзаи эълон шуданаш эътибор пайдо кардааст, бо ягон муҳлат маҳдуд намешавад ва барои муҳлати номуайян амал мекунад.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон дар қатори 123 давлати ҷаҳон аз қабули Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 16 декабри соли 2020 «Мораторий ба истифодаи ҳукми қатл» ҷонибдорӣ кардааст.
Конгресси умумиҷаҳонии зидди ҳукми қатл бузургтарин платформаи муборизабарандагоне мебошад, ки беш аз ҳазор иштирокчӣ аз 130 миллатро аз 90 кишвари ҷаҳон бо ҳам муттаҳид мекунад.
АКС: Вазорати адлияи ҶТ








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






