Нахустин амали муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ — ин бӯсидани Парчами Тоҷикистон буд
ДУШАНБЕ, 24.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июни соли 1991 ҷамъбаст гардида, Парчами Тоҷикистон қабул карда шуд. Нахустин амали Сарвари тозаинтихоби Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосияи таърихӣ- ин бӯсидани Парчами Тоҷикистон буд. Ин нуктаро Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов 23 ноябр зимни ҳамоиши муштараки тантанавии Агентии хизмати давлатӣ ва Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба шарафи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш таҳти унвони «Парчами давлатӣ-ифтихори миллӣ» Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов, Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев, иҷрокунандаи вазифаи сарходими илмӣ-профессори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Баҳриддин Ализода, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб сухан гуфтанд.
Директори Агентӣ Ҷумъа Давлатов иброз дошт, ки «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрии давлат ва равшанибахши роҳи миллат ба сӯйи ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошад. Он ифтихори сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус ва ҳувияти миллии мардуми мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар рангҳои худ инъикос намудааст».


Дар замони Истиқлолияти комили Тоҷикистон имкон фароҳам омад, ки дар баробари дигар рӯзҳои таърихӣ Рӯзи Парчами давлатӣ низ ҷашн гирифта шавад.
Дар гиромидошти муқаддасоти миллӣ хизматчиёни давлатӣ бояд пешкору пешоҳанг бошанд. Беҳуда нест, ки зимни қабул ба хизмати давлатӣ ба донистани таъриху фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ таваҷҷуҳи махсус сурат мегирад.
Меҳмонони ҳамоиш вобаста ба таърихи парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ, таърихи парчамдории тоҷикон, қабули Парчами давлатӣ ва истифодаи он, нақши Парчам дар давлатдории миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ибрози назар намуда, суханҳои хешро бо иқтибосҳо аз паёму суханрониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият доданд.
АКС: Агентии хизмати давлатӣ








«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид






