Намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ дар Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 17.11.2022 /АМИТ«Ховар»/. 16 ноябр намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Челябинск дар Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Ҳамоишро ректори Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ Александр Вагнер оғоз намуда, сипас намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ Абдусаттор Фаттозода ва муовини роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ сухан гуфтанд. Зикр шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлат муносибатҳои кишварҳо дар сатҳи олӣ қарор доранд.
Мавриди зикр аст, ки Форум ҳамасола баргузор шуда, чорабинии муҳим дар самти ҳамкории таълимӣ, илмӣ ва ҷавонон миёни вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мебошад.
Имсол Форум дар Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мояи хушнудист, ки имсол 50 нафар ҷавонони аз 18 то 35-сола аз Тоҷикистон ва Россия (аз ҳар тараф 25-нафарӣ) дар форуми мазкур ширкат варзиданд. Миёни онҳо намояндагони созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон, роҳбарони ҷавон, донишҷӯёни донишгоҳҳо, намояндагони сохторҳои амаликунандаи сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон ва Россия, инчунин намояндагони расонаҳои хабарӣ буданд.
Соли 2022 Форум ба рушди иттиҳоди ВАО-и ҷавонон бахшида шуд. Дар доираи барнома доир ба масъалаҳои мубрами рушди ВАО дар Тоҷикистон ва Россия дарсҳои маҳорат, лексияҳо ва бозиҳои корӣ баргузор шуданд.
Форум аз ҷониби муассисаҳо, идораҳо ва сохторҳои дахлдори Россия, аз ҷумла Вазорати илм ва таҳсили олии Федератсияи Россия ташкил карда шудааст.
Акс: ВКД ҶТ








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






