Намояндаи Тоҷикистон директори нави Донишкадаи ҲИМОМ таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Директори нави Донишкадаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ Кабир Ҷӯразода таъйин гардид. Ба иҷрои вазифа ӯ рӯзи ҷумъа, 11 ноябр шурӯъ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи донишкада хабар медиҳад.
Ҷӯразода таҷрибаи зиёда аз 25-солаи кор дар соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии молияи давлатӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақавӣ, сиёсати иҷтимоии давлатӣ, банақшагирии стратегӣ, мониторинг ва арзёбӣ дорад. Ӯ дар таҳияи санадҳои барномавӣ, хулосаҳои таҳлилӣ ва ҳисобот таҷриба дорад.
Донишкадаи ҲИМОМ (Central Asia Regional Economic Cooperation, CAREC) ташкилоти байниҳукуматиест, ки ба пешбурди ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ ва Роҳи Абрешим тавассути илм ва омӯзиш бахшида шудааст. Қароргоҳи Донишкада дар Урумчӣ (ҶМЧ) ҷойгир аст.
Донишкадаи ҲИМОМ аз ҷониби ёздаҳ кишвари узви ҲИМОМ: Афғонистон, Озарбойҷон, Чин, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон истифода ва идора карда мешавад.
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «Ховар»:
Кабир Ҷӯразода Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро аз рӯи ду ихтисос- яке «Муносибатҳои байналмилалӣ» ва дигаре «Сиёсатшиносӣ» хатм карда, инчунин курси такмили ихтисоси «Идораи давлатӣ»-ро дар Академияи хизмати давлатии назди президенти Россия хатм кардааст.
Ҳоло дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон болои рисолаи номзадии «Таъсири равандҳои ҳамгироии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба рушди Тоҷикистон» кор мебарад.
Ҷӯразода то шомил шудан ба Донишкадаи ҲИМОМ мушовир дар бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ буд. Ӯ инчунин Ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ «Ташаккули имконияти иҷтимоию иқтисодӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.
Кабир Ҷӯразода оиладор ва соҳиби чор духтар аст.
Узви Шӯрои миллии суботи молиявии Тоҷикистон (2018-2022), Шӯрои нозирони «Тоҷиксодиротбонк» (2016-2020), Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи бадминтони Осиё (2019-2023), Раиси Кумитаи Конфедератсияи бадминтони Осиё (2019-2023) ва Раиси Шӯрои ҷавонони СҲШ (2012). Ҳоло президенти Ташкилоти ҷамъиятии варзишии «Федератсияи бадминтони Тоҷикистон» мебошад.
АКС аз сомонаи ҲИМОМ








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






