«НИЗОМҲОИ ХУДКОРИ КОРКАРДИ МАЪЛУМОТ». Бори нахуст китоби тавзеҳоти компютерии олимон ба забони тоҷикӣ дар Нашриёти «Ирфон» чоп гардид
ДУШАНБЕ, 15.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи нашриявии «Ирфон» ба пешвози 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст китоби тавзеҳоти компютерии тоҷикии олимони тоҷик, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, математики маъруф Зафар Усмонов ва номзади илҳои физика ва математика Хуршед Худойбердиевро таҳти унвони «Низомҳои худкори коркарди маълумот» ба нашр расонид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар муассисаи мазкур.
Тавре Директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» Қурбон Ғуломзода баён дошт, дар китоби мазкур тарҳрезӣ ва коркарди луғатҳои электронӣ, раванди балоиҳагирӣ, таҳия ва пешбарии низомҳои худкори коркарди маълумот бо забони тоҷикӣ, ба монанди луғатҳои электронӣ, тезаурусии компютерӣ, тафтиши имло, синтез ва шинохти овоз, мубодилаи ҳарфҳо, тарҷумаи матн ва амалӣ кардани он дар асоси захираҳои мувозии матни тоҷикӣ-русӣ, шинохти муаллифи матн дар асоси басомади ҳиҷо, ки дар доираи иҷрои тадқиқоти илмӣ аз тарафи муаллифон корбарӣ шудаанд, шарҳу эзоҳ дода мешаванд. Натиҷаи ҳосилшудаи кори олимон сабаби рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва татбиқи амалии илмҳои электронӣ бо забони тоҷикӣ мегардад.
Тавре Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳои хеш иброз доштанд, «мо дар асри ХХI, яъне дар ҷаҳони дигаргуниҳои бузурги илмию технологӣ умр ба сар бурда истодаем. Кишварҳои олам босуръат пеш рафта, бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ соҳиби комёбиҳои ниҳоят зиёд мешаванд. Рӯ овардан ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва татбиқи ҳарчи васеи онҳо дар ҷомеа яке аз ниёзмандиҳои дигари замони ҷаҳонишавӣ ба шумор меравад».
Натиҷаҳои таҷриба ва малакаҳои ҳосилшуда дар таҳияи коркарди маълумоти матнӣ дар китоби мазкур барои омӯзиши забони тоҷикӣ ҳам барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва ҳам барои истифодабарандагони хориҷӣ заминаҳои муассири методологӣ фароҳам меоранд.
Китоби мазкур барои доираи васеи хонандагон- толибилмон, донишҷӯён, магистрантҳо, докторантон ва унвонҷӯёни соҳаи техникӣ, ки дар самти технологияи иттилоотӣ ва забоншиносии компютерӣ фаъолият доранд, дастури муҳими амалӣ ва назариявӣ ба шумор меравад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст






