Қоҳир Расулзода: «Тоҷикистон ва Россия барои ҳамкорӣ ва густариши тиҷорати мутақобила иқтидори бузург доранд»
ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳамкории мо дорои хусусияти шарикии стратегӣ ва дастгирии мутақобила буда, минбаъд низ таҳти роҳбарии сарони давлатҳо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин ба таври комил рушд хоҳад кард. Мехоҳам таъкид намоям, ки Россия шарики асосии иқтисодии хориҷии Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур буд ва ҳаст. Дар ин бора маълумоти оморӣ дар бораи афзоиши гардиши мол гувоҳӣ медиҳад», — изҳор дошт Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Қоҳир Расулзода гуфт, ки ду кишвар барои ҳамкорӣ ва густариши тиҷорати мутақобила иқтидори бузург доранд.
«Имрӯз мо ин масъаларо баррасӣ кардем, намояндагони вазорату идораҳо аз рӯи он кор карда истодаанд. Фикр мекунам, ки дар оянда низ мо ҳам аз ҷиҳати гардиши савдои хориҷӣ ва ҳам дар дигар бахшҳо, бахусус дар бахши саноат ҷараёни мусбат ва хуби рушд хоҳем дошт. Мо имкон доштем, ки ҳам дар доираи хосса ва ҳам дар доираи васеъ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ табодули афкор намуда, дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намоем», — илова кард Сарвазири Тоҷикистон.
Тавре муовини сарвазири Федератсияи Россия Алексей Оверчук тазаккур дод, рӯзномаи ҷаласаи имрӯза бисёр васеъ ва ғанӣ буда, коршиносон ба муҳокимаи муфассал замина гузоштанд.
«Аксари супоришҳо пурра иҷро гардиданд. Барои Россия муносибатҳо бо Тоҷикистон аҳамияти хосса доранд. Тоҷикистон иттифоқчии боэътимоди Росия аст, мо дар якҷоягӣ аъзои якчанд иттиҳодҳо, созмонҳо, институтҳои молиявии муҳими байналмилалӣ, аз қабили ИДМ, СААД, СҲШ ва ғайра мебошем. Мо на танҳо масъалаҳои иқтисодӣ, балки масъалаҳои фарҳангиро низ баррасӣ кардем. Имрӯз иқтисодиёти Тоҷикистон низ нишондиҳандаҳои бисёр хуб дорад. Ва гардиши мутақобилаи мол миёни мо соли 2021 нисбат ба соли 2020 беш аз 44 дарсад афзоиш ёфта, дар 8 моҳи соли ҷорӣ низ афзоиши гардиши мол беш аз 22 дарсад ба қайд гирифта шудааст. Фикр мекунам, ки мо созишҳоро қатъиян риоя хоҳем кард, дар ин росто ба хотири афзоиши сармоягузорӣ барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва шароит ҷиҳати рушди иқтисод имконияти бисёр хуб фароҳам оварда мешаванд», — гуфт муовини сарвазири Федератсияи Россия.
Лайло ТОИРӢ,
Акрамхоҷа АКБАР,
Тоҳирҷон САИДОВ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд






