Қоҳир Расулзода: «Тоҷикистон ва Россия барои ҳамкорӣ ва густариши тиҷорати мутақобила иқтидори бузург доранд»

Ноябрь 9, 2022 15:49

ДУШАНБЕ, 09.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳамкории мо дорои хусусияти шарикии стратегӣ ва дастгирии мутақобила буда, минбаъд низ таҳти роҳбарии сарони давлатҳо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин ба таври комил рушд хоҳад кард. Мехоҳам таъкид намоям, ки Россия шарики асосии иқтисодии хориҷии Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур буд ва ҳаст. Дар ин бора маълумоти оморӣ дар бораи афзоиши гардиши мол гувоҳӣ медиҳад», — изҳор дошт Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Қоҳир Расулзода гуфт, ки ду кишвар барои ҳамкорӣ ва густариши тиҷорати мутақобила иқтидори бузург доранд.

«Имрӯз мо ин масъаларо баррасӣ кардем, намояндагони вазорату идораҳо аз рӯи он кор карда истодаанд. Фикр мекунам, ки дар оянда низ мо ҳам аз ҷиҳати гардиши савдои хориҷӣ ва ҳам дар дигар бахшҳо, бахусус дар бахши саноат ҷараёни мусбат ва хуби рушд хоҳем дошт. Мо имкон доштем, ки ҳам дар доираи хосса ва ҳам дар доираи васеъ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ табодули афкор намуда, дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намоем», — илова кард Сарвазири Тоҷикистон.

Тавре муовини сарвазири Федератсияи Россия Алексей Оверчук тазаккур дод, рӯзномаи ҷаласаи имрӯза бисёр васеъ ва ғанӣ буда, коршиносон ба муҳокимаи муфассал замина гузоштанд.

«Аксари супоришҳо пурра иҷро гардиданд. Барои Россия муносибатҳо бо Тоҷикистон аҳамияти хосса доранд. Тоҷикистон иттифоқчии боэътимоди Росия аст, мо дар якҷоягӣ аъзои якчанд иттиҳодҳо, созмонҳо, институтҳои молиявии муҳими байналмилалӣ, аз қабили ИДМ, СААД, СҲШ ва ғайра мебошем. Мо на танҳо масъалаҳои иқтисодӣ, балки масъалаҳои фарҳангиро низ баррасӣ кардем. Имрӯз иқтисодиёти Тоҷикистон низ нишондиҳандаҳои бисёр хуб дорад. Ва гардиши мутақобилаи мол миёни мо соли 2021 нисбат ба соли 2020 беш аз 44 дарсад афзоиш ёфта, дар 8 моҳи соли ҷорӣ низ афзоиши гардиши мол беш аз 22 дарсад ба қайд гирифта шудааст. Фикр мекунам, ки мо созишҳоро қатъиян риоя хоҳем кард, дар ин росто ба хотири афзоиши сармоягузорӣ барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва шароит ҷиҳати рушди иқтисод имконияти бисёр хуб фароҳам оварда мешаванд», — гуфт муовини сарвазири Федератсияи Россия.

Лайло ТОИРӢ,
Акрамхоҷа АКБАР,
Тоҳирҷон САИДОВ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 9, 2022 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб рушди энергияи «сабз»-ро баррасӣ намуданд
Лоиҳаҳои муҳандисии 10 донишҷӯи тоҷик ба сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ муаррифӣ карда шуданд
Дар Париж машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса баргузор гардиданд
Дар Женева омодагӣ ба Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони ИДМ иштирок ва суханронӣ намуд
Дар Ню-Йорк Брифинги сатҳи баланд вобаста ба барқарорсозӣ ва ҳамгироии бозгаштагон доир гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Партитураи Суруди Созмони ҳамкории Шанхай ба Котиботи СҲШ дар Пекин тақдим гардид
Дар Ашқобод ҷонибдории Тоҷикистон аз ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Туркманистон таъкид гардид
Дар Боку вохӯрии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардид
Тоҷикистон ва Швейтсария омодагӣ ба Конфронси ҷонибҳои аҳдкунандаи Конвенсияи Женеваро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон барои беҳтарин манзараҳои табиат дар Осиё дар Top Asia Corporate Ball 2024 соҳиби ҷоизаи бонуфуз гардид