ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад

Ноябрь 14, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 14.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии ҷумҳурӣ борон ва барф меборад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 2-7 дараҷа хунук,  рӯзона 2+7 дараҷа  гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18, дар баъзе минтақаҳо то 19-24 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои  тағйирёбандава дар водиҳо асосан бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан борон ва барф ба амал меоянд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  1+6 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13 дараҷа хунук,  рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо баъзан бориши сусти борон дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва шабона барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм,  рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо баъзан борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва дар баъзе ноҳияҳо то 2-7 дараҷа хунук,  рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 дараҷа ва рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 14, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст