ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон нақшаи тайёрӣ ба қадри 99 фоиз ба анҷом расидааст

Ноябрь 28, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои соҳаи тандурустии мамлакат 886 адад генераторҳои барқӣ мавҷуд буда, барои онҳо 57 338 литр сӯзишворӣ захира гардидааст, ки дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ин матлабро Сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустии вазорат Зайнулло Шарифов 25 ноябр зимни баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбарони хадамоти соҳавӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Зайнулло Шарифов иброз намуд, ки корҳои дар ин самт анҷомдода 99 фоизи нақшаи давраи зимистонро ташкил медиҳанд.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳо ба имзо расида, ситодҳо ташкил ва корҳо мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда шуданд.

Дар доираи маблағҳои ҷудогардида, соли равон корҳо барои нигоҳдорӣ ва таъмир, шишабандӣ, таъмири асосӣ ва ҷузъии бинову иншоот ва қубурҳои обгузари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ гузаронида шуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаи «Таҳлили сабабҳои фавти модарон дар соли 2021 ва 9 моҳи соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023», «Таҳлили вазъи воқеии хизматрасонии тиббӣ дар самти стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» ва «Вазъи пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ дар хона-интернатҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

 

Ноябрь 28, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад