Ҷопон ҳамкориро дар Тоҷикистон дар бахши фарҳанг густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 19.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар Вазорати фарҳанги мамлакат бо иштироки ҳайати Ҷопон мулоқот доир гардид. Зимни вохўрӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аикӣ Ёддошт ва Созишномаро ба имзо расониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуотии Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.
Ёддошт лоиҳаи грантӣ буда, барои «Беҳтар намудани таҷҳизоти нигаҳдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи китобҳои Муассисаи давлатии Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб «Хонаи китоби Тоҷикистон» равона мегардад.
Созишнома низ дар ин самт равона шуда, аз ҷониби Зулфия Давлатзода ва роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Такасака Мунео ба имзо расонида шуд.
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






