Ҷопон ҳамкориро дар Тоҷикистон дар бахши фарҳанг густариш медиҳад

Ноябрь 19, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 19.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар Вазорати фарҳанги мамлакат бо иштироки ҳайати Ҷопон мулоқот доир гардид. Зимни вохўрӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва  Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аикӣ  Ёддошт ва Созишномаро ба имзо расониданд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуотии Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.

Ёддошт лоиҳаи грантӣ буда, барои «Беҳтар намудани таҷҳизоти нигаҳдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи китобҳои Муассисаи давлатии Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб  «Хонаи китоби Тоҷикистон» равона  мегардад.

Созишнома низ дар ин самт равона шуда,   аз ҷониби Зулфия Давлатзода ва роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Такасака Мунео ба имзо расонида шуд.

                АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Ноябрь 19, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт