ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ БОЯД ДАР КУҶО НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон Парвина Меликова ин мавзўъро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати мамлакат, судҳои ҷумҳурӣ, мақомоти прокуратура, Бонки миллӣ, Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсӣ, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, қисмҳои ҳарбӣ, гузаргоҳҳо, дидбонҳо, нуқтаҳои гумрукии сарҳади давлатии Тоҷикистон насб карда мешавад. Чунин омадааст дар Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олӣ тасдиқ карда шудааст. Ин матлабро вакили Маҷлиси намояндагон Парвина МЕЛИКОВА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.
Парвина Меликова зикр кард, ки тибқи Низомнома Парчами давлатӣ ба ғайр аз маконҳои дар боло зикршуда, инчунин дар нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Сарвазир, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон берун аз ҷумҳурӣ ва шахсони дигар тибқи тартиби муайяннамудаи ҳукумати ҷумҳурӣ афрохта мешавад.
«Вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ – Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ дар сари пазириши тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистон табодули афкор намуда, саҳми худро дар қабули Парчами нави Тоҷикистони соҳибистиқлол гузоштаанд»,-мегўяд вакили мардумӣ.
«24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамз – Парчами давлатӣ гардид. Ин буд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3-и Конститутсия Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф шуд.Пас аз таҳия ва баррасӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ 12 майи соли 2007 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро имзо намуд, ки аз ду боб иборат аст”, -илова кард ў.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳоест, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Он эҳтиром ба рӯҳи Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон гузаштагони мост. Халқи тоҷик, ки дар замони Куруши Кабир соҳиби Эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, аввалин шуда, дирафшро ба миён овард. Имрӯз ҳеҷ давлатеро бе парчам наметавон тасаввур кард. Шоире дар ин бобат хуб фармуда:
Ҳастии мо дар нишону Парчам аст,
Ҳар яке дар маънии худ олам аст.
Фахри миллат ҳаст Парчам дар ҷаҳон
Рамзи миллат ҳаст Парчам дар ҷаҳон.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
Акс: МН МО ҶТ








ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
ТОҶИКИСТОН ВА СҲШ: аз муколамаи сиёсӣ то ҳамкории амалӣ. Андешаҳо дар ин маврид
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Ташаббуси қонунгузорӣ оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши яклухту чаканаи сигаретаҳои электронӣ -қадами муҳим дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд






