ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО! Дар вазорату идораҳои Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ бошукӯҳ таҷлил гардид

Ноябрь 24, 2022 15:43

ДУШАНБЕ, 24.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Ба муносибати ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон  ба мардуми Тоҷикистон зикр намуданд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо, хусусан, наврасону ҷавонони кишвар ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз он дар зеҳну шуури ҳар фард ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбия карда шавад.

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷаласаҳои тантанавӣ баргузор намуданд.

Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат муқаддас аст,- бардошт аз ҳамоиш дар Парлумон

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода Парчамро ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи куҳанбунёдамон унвон карда, рангу аломатҳои онро ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи куҳанбунёди мо медонад.

«Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо – тоҷикон муқаддас аст. Зеро дар назди парчами давлатӣ аз Президенти кишвар то сарбози одӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст»,-изҳор дошт М.Зокирзода.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ

24 ноябр ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.Чорабинии идона бо намоиш дар бораи Парчами давлатӣ шурӯъ гардида, сипас муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Музаффар дар робита ба аҳамияти таърихии Парчами давлатиро, ки ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ ва нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии ватани азизамон мебошад, суханронӣ намуд.

Парчами давлатӣ-муаррифи Тоҷикистон миёни сайёҳони хориҷӣ

Тибқи хатсайрҳо ва барномаҳои ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ҳамарӯза садҳо нафар меҳмонону сайёҳон ба майдони Парчами давлатӣ ҳамчун макони назаррабо барои тамошои ливои миллии мо, ки дар маркази шаҳр, назди Қасри миллат ва Нишони давлатии Тоҷикистон ҷойгир аст, ташриф меоранд. Ин матлабро Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода зимни баргузории ҳамоиш бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ таҳти унвони «Парчами миллӣ — ливое, ки сайёҳони хориҷӣ Тоҷикистонро бо он мешиносанд» баён намуд.

Тоҷиддин Ҷӯразода иброз намуд, ки Парчами давлатӣ  чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, мйдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон ҷойгир аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбат ба он  қарзи ҳар шаҳрванд аст, зеро Парчам рамзи хоссаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат аст.

Ҷамъомади тантанавӣ дар Агентии содирот  

Имрӯз дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Зимни он зикр шуд, ки бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Президент, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, забони давлатӣ ва марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.

Зеро Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳо ҷилвагар менамояд, ки ин мояи ифтихори миллати тоҷик мебошад.

Раиси Суди конститутсионӣ: «Посдориву ҳимояи Парчами давлатӣ- пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан аст!»

Раиси Суди конститутсионӣ Абдулҳафиз Ашурзода дар ҳамоиши  идонаи ин мақомот бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ зикр намуд, ки Парчами давлатӣ симои миллии ҳар давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

«Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ- ин пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст»,-афзуд ӯ.Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатиро  дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон эътироф намудааст ва он таҳти ҳимояи қонун қарор дорад.

 Ҳокимшоҳ Бобозода: «Парчами давлатӣ- нишони азму иродаи устувори мардум барои ободонии кишвар аст»

«Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз таърихи куҳани парчамсозиву парчамдории тоҷикон буда, исботи он аст, ки гузаштагони мо аз қавмҳои ориёию Куруши Кабир ва Коваи бузург соҳиби парчам буданд ва он ифодакунандаи истиқлолият, нишонаи қудрату тавонои давлат ба ҳисоб мерафт. Парчами давлатӣ нишони азму иродаи устувори мардум барои ободонии кишвари зебоманзарамон мебошад»,-чунин иброз намуд 23 ноябр Раиси Раёсати БССТ «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода зимни баргузории ҳамоиш бахшида  ба Рӯзи Парчами давлатӣ.

Зикр шуд, ки Парчами давлатӣ аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст.

 Парчами миллӣ- рамзҳои муҳими давлатдорӣ

Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз рамзҳои муҳими давлатӣ шуморида иброз намуд, ки ин муқаддасоти миллӣ боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.

Зимни суханронии Азим Турсунзода зикр намуд, ки давлатеро бо мақоми мустақилият ва соҳибихтиёрӣ бе доштани нишонаҳои давлатдорӣ ва ё рамзҳои давлатӣ тасаввур кардан номумкин аст.

Ҳамин аст, ки аз ибтидои ба даст овардани Истиқлолият дар Тоҷикистони ҳанӯз шӯравӣ, оғози даҳсолаи охири асри гузашта, андешаи қабули рамзҳои давлатӣ ба миён омада, ҳатто бо қарори мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор – Шӯрои Олӣ озмуни омода намудани рамзҳои давлатӣ эълон шуда буд.

Лаҳзаи бӯсидани Парчами миллӣ садоқати Сарвари давлатро ба Парчами миллиро собит намуд

Лаҳзаи бӯсидани Парчами миллӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваъдаи сулҳ овардан ба сарзамину мардуми он садоқати Сарвари давлат ба Ватан ва эҳтирому манзалати Парчами миллиро собит намуд. Ин нукта зимни ҷамъомади тантанавӣ ва фарҳангие, ки дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарафи 30-солагии Рӯзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, таъкид шуд.

Зикр гардид, ки парчамдорӣ ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва дар партави сиёсати созандаи Ҳукумат аз нав эҳё гардида, барои миллати ватандӯсту соҳибтамаддуни тоҷик суннати аҷдодӣ ба ҳисоб меравад.

Саодатбибӣ Сироҷзода: «Парчами давлатӣ имрӯз парафшону поянда аст»

Сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (РСАҲШ)-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатбибӣ Сироҷзода зимни ҳамоиши идона дар Раёсати мазкур зикр намуд, ки «имрӯз Тоҷикистони биҳиштосо зери ҳамин арзиши олӣ ва муқаддасоташ бо роҳбарӣ ва сиёсати созандааш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст дар муддати кӯтоҳ зери ҳамин ливо давлатро муаррифӣ намояд. Маҳз ин Парчами Тоҷикистон буд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ имрӯз парафшонӣ менамоянду ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аз он бо рӯҳияи хештаншиносӣ ифтихору сарбаландӣ менамояд».

«Парчамат бодо парафшон-Тоҷикистон!»- барномаи фарҳангӣ

Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон-Тоҷикистон!» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Зикр шуд, ки дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани ин рамзи муқаддаси давлатдорӣ ба мардуми парешон ва дар гирдоби ноумедиҳо афтодаи тоҷик аз оғози неку ҳамбастагӣ паём медод.Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон- ин эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳоест, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд.

Дар Исфара Рӯзи Парчами давлатӣ хотирмон таҷлил гардид

Дар шаҳри Исфара Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан   ба   арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ таҷлил намуданд.

Сокинони касбу кори гуногун ва донишҷӯёну толибилмон бо парчамҳои давлативу шиору навиштаҷоти васфкунандаи соҳибихтиёрии милливу давлатӣ ва ифтихор аз ватандорӣ сӯи майдони Парчам  роҳпаймоӣ намуда, нишоту сарфарозӣ намуданд.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН

АКС: аз идораҳои марбута

Ноябрь 24, 2022 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид