ПАРЛУМОН ҚОНУН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН»-РО ҚАБУЛ НАМУД. Лоиҳаи ин санад аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ таҳия ва пешбарӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 07.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш вакилони парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро қабул карданд. Лоиҳаи қонун аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ тибқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод карда шуд. Дар ин бора нашрияи парлумонии «Садои мардум» 4 ноябр хабар дод.
Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Дилшод Раҳмон қабули қонуни мазкурро тақозои замон, хусусан дар шароити зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ ва бегонапарастӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, унвон кард.
Дилшод Раҳмон қонуни навро вусъати саривақтии корҳо оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими ҳуқуқӣ арзёбӣ кард.
Ӯ таъкид намуд, ки лоиҳаи мазкур масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар рушду инкишофи кишвар, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ баланд мебардорад.
«Ҳамчунин он барои ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии самти тарбияи ватандӯстӣ, ҷанбаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бахусус дар байни наврасону ҷавонон, имкониятҳои нав ба вуҷуд меорад», — илова намуд раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба гуфтаи ӯ, мақсади қонун танзими меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






