Парлумони Эрон тарҳи қонун дар бораи пайвастани давлат ба СҲШ-ро маъқул донист

Ноябрь 28, 2022 09:06

ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи якшанбе, 27 ноябр Маҷлис (парлумон)-и Эрон бо аксарияти оро тарҳи қонун дар бораи пайвастани Ҷумҳурии Исломӣ ба Созмони Ҳамкории Шанхайро маъқул донист. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора агентии «Меҳр» хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҷонибдорӣ аз лоиҳаи қонун 205 вакили парлумон овоз додаанд, 3 нафар мухолиф шуда, 4 нафар бетараф мондаанд. Намояндаи расмии комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон Абулфазл Амуйӣ, тавре агентӣ ӯро иқтибос овардааст, гуфтааст, ки «шарти узвияти Эрон тасвиби ҳама аснодест, ки то кунун аз сӯи ин созмон пазируфта шудаанд.» «Агар СҲШ дар ояндаи наздик ягон санади навро тасдиқ кунад, маҷлис низ бояд онро баррасӣ ва маъқул донад», — таъкид кард Амуйӣ.

30 сентябри соли равон Президенти ҶИИ Иброҳим Раисӣ лоиҳаи қонун дар бораи пайвастани кишвар ба Созмони ҳамкории Шанхайро имзо кард ва ин лоиҳаро барои баррасӣ ба парлумони кишвар фиристод.

Ёдовар мешавем, ки раванди пайвастани Эрон ба СҲШ дар нишасти сарони ин созмон дар Душанбе 17 сентябри соли 2021 бо имзои санади алоҳида оғоз шуда буд.

15-16 сентябр дар Самарқанд нишасти СҲШ доир гардид. Роҳбарони кишварҳои ширкаткунанда, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳо дар сиғаи маҳдуд ва густарда ҷамъ омада, якчанд мулоқоти дуҷониба низ анҷом доданд. Дар натиҷа раванди қабули Беларус ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмон оғоз шуд ва Эрон барои пайвастан ба СҲШ ба ёддошти уҳдадориҳо имзо кард. Миср ва Қатар шарикони муколама шуда, Баҳрайн, Кувайт, Молдив, Мянмар ва Амороти Муттаҳидаи Араб раванди дарёфти ин мақомро оғоз кардаанд.

Ҳоло ба СҲШ ҳашт кишвар шомиланд: Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон.

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 28, 2022 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд