Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Мексика баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 23.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Мексика ва аз Мексика дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар ин бора 22 ноябр зимни мулоқоти муовини якуми Вазири фарҳанги мамлакат Обид Назариён бо Сафири Штатҳои Муттаҳидаи Мексика дар Тоҷикистон Гилермо Алехандро Пуэнте иброз гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкорӣ доир ба фарҳанг, аз ҷумла баргузор намудани фестивалҳо, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, барномаҳои мусиқӣ ва чопи китобҳои адибони классику муосири давлатҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин баргузории омӯзиши забонҳо, таҳияи филмҳо ҷиҳати муаррифии таъриху фарҳанги кишварҳои ҳамдигар, баргузории намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллиро баҳри густариши ҳамкории дуҷониба муфид арзёбӣ намуданд.
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






