Равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларус тақвият меёбанд

Ноябрь 22, 2022 15:50

ДУШАНБЕ, 22.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар мулоқот бештар ба масъалаи густариши ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва парлумони Ҷумҳурии Беларус таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Саидмурод Фаттоҳзода изҳор дошт, ки таҷрибаи қонунофарии вакилони Маҷлиси намояндагон боз ҳам бойтар гардида, онҳо талош мекунанд, ки санадҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро таҳия ва қабул намоянд. Омили асосии ҳамаи ин комёбӣ ва муваффақият- барқарор ва таҳким бахшидани муносибот миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла парлумони Беларус мебошад.

Ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ба чаҳорчӯбаи муносиботи сиёсию иқтисодӣ асос ёфта, дар сояҳои дӯстӣ раванди рӯ ба инкишофро касб кардааст.

Дар мулоқот дар бораи ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ низ табодули назар карда шуд.

Зикр гардид, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки ин санадҳо заминаи таҳкими муносиботи гуногунсоҳаро миёни Тоҷикистон ва Беларус ба вуҷуд овардаанд.

Акс: МН МО ҶТ

Ноябрь 22, 2022 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид