Россия ва Тоҷикистон Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро ба имзо расониданд

Ноябрь 10, 2022 10:29

ДУШАНБЕ, 10.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки 9 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Россия (Роснедра) Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ барои солҳои 2023-2025 ба имзо расид. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷуда Анварӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар доираи барномаи сесола мубодилаи таҷриба оид ба коркарди иттилооти геологӣ дар бораи сарватҳои зеризаминӣ (қаъри замин), мубодилаи иттилооти геологӣ дар бораи сарватҳои зеризаминӣ (қаъри замин), мубодилаи маълумот дар бораи махзанҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва методии истифодаи сарватҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, мубодилаи таҷриба дар соҳаи экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ оид ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ дар доираи машваратҳо ва вохӯриҳои дуҷониба, ташаккули истифодаи усули ҷазби ионӣ дар ҷустуҷӯи конҳои полиметаллӣ, ки дар сатҳи замин суст зоҳир мешаванд, ҳамкории мутақобила ва табодули таҷриба дар соҳаи таъминоти дастурамалҳои илмӣ-методӣ ва идоракунии сифати таҳқиқоти лабораторӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаи “Рақамикунонии истифодаи табиат ба манфиати рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҳамкорӣ дар соҳаи ташкили геопаркҳо ба нақша гирифта шудааст.

Геопарк — минтақаест, ки дорои мақоми махсуси муҳофизатшаванда буда, дар ҳудуди он таърихи геологии Замин равшан ошкор карда шудааст, ташаккули ландшафтҳои маҳаллӣ, пайдоиши ҷинсҳо ва конҳои канданиҳои фоиданок, боқимондаҳои сангшудаи ҳайвоноти пеш аз таърих ба таври оммавӣ нигоҳ дошта шудаанд. Сафарҳои шиносоӣ дар геопаркҳое, ки дар кишварҳои гуногун сохта шудаанд, гузаронида мешаванд, ҷойҳои муҳимтарин бо ҷадвалҳои фаҳмондадиҳӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Дар маршрутҳои махсус гузошта, ки бо аломатҳо ва харитаҳои саёҳат ҷиҳозонида шудаанд, сайёҳон аз он дидан мекунанд. Дар Тоҷикистон мавзеъҳои Ширкент, Дараи Пиёз, Кӯҳи Малик, Ҳафткӯл ва дигар митақаҳоро метавонем ҳамчун геопаркҳо ташкил намоем.

Дар ин муддат ҷонибҳо дар таҳия ва татбиқи лоиҳаи муштараки “Таҳияи равишҳо ва усулҳои ягонаи арзёбӣ ва пешгӯии ҳолати обҳои зеризаминӣ ва равандҳои геологии хатарнок дар зери таъсири омилҳои табиӣ ва техногенӣ, аз ҷумла усулҳои зондкунии фосилавии Замин” низ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ин ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ зерсохтори гидрогеологӣ ва муҳандисию геологии кишвар, базаи маъдании обҳои зеризаминӣ ба вуҷуд оварда, истифодаи васеи онҳо барои бо об таъмин намудани аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар, иқтидори таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ хеле зиёд карда шавад.

Дар доираи барнома инчунин гузарондани конфронсҳои илмию амалии байналмилалӣ, семинарҳо, симпозиумҳо, тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 10, 2022 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд