СҶС коҳиши тиҷорати ҷаҳониро дар соли 2023 пешгӯӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) пешгӯӣ мекунад, ки рушди тиҷорати ҷаҳонӣ соли 2023 коҳиш хоҳад ёфт. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, котиботи СҶС, ки 28 ноябр дар Женева маълумоти семоҳаи нишондиҳандаи тиҷорати молро нашр намуд, ба ин гуна андеша омадааст.
Тибқи пешгӯии Созмони ҷаҳонии савдо, коҳиши рушди тиҷорати ҷаҳонӣ метавонад дар охири соли 2022 оғоз гардад. Ин тамоюл соли оянда низ нигоҳ дошта мешавад.
Тибқи маълумоти СҶС, шохиси ҷаҳонии савдои мол ҳоло дар сатҳи 96,2 мебошад. Дар ҳамин ҳол, охири тобистон ин маълумоти шохис дар сатҳи 100 банд қарор дошт. Ин гувоҳи коҳиши талабот ба мол мебошад.
Дар маҷмӯъ, пешбинӣ карда мешавад, ки соли равон ҳаҷми муомилоти мол дар ҷаҳон 3,5% ва соли оянда ҳамагӣ 1% афзоиш хоҳад ёфт. Тамоюлҳои манфӣ, тибқи арзёбиҳои СҶС, ба таъсири муноқишаи Украина, болоравии қимати манбаъҳои энергетикӣ ва шадид гардидани сиёсати пулию қарзӣ дар кишварҳои бузургтарини ҷаҳоналоқаманданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






