СҶС коҳиши тиҷорати ҷаҳониро дар соли 2023 пешгӯӣ мекунад

Ноябрь 29, 2022 10:59

ДУШАНБЕ, 29.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) пешгӯӣ мекунад, ки рушди тиҷорати ҷаҳонӣ соли 2023 коҳиш хоҳад ёфт. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, котиботи СҶС, ки 28 ноябр дар Женева маълумоти семоҳаи нишондиҳандаи тиҷорати молро нашр намуд, ба ин гуна андеша омадааст.

Тибқи пешгӯии Созмони ҷаҳонии савдо, коҳиши рушди тиҷорати ҷаҳонӣ метавонад дар охири соли 2022 оғоз гардад. Ин тамоюл соли оянда низ нигоҳ дошта мешавад.

Тибқи маълумоти СҶС, шохиси ҷаҳонии савдои мол ҳоло дар сатҳи 96,2 мебошад. Дар ҳамин ҳол, охири тобистон ин маълумоти шохис дар сатҳи 100 банд қарор дошт. Ин гувоҳи коҳиши талабот ба мол мебошад.

Дар маҷмӯъ, пешбинӣ карда мешавад, ки соли равон ҳаҷми муомилоти мол дар ҷаҳон 3,5% ва соли оянда ҳамагӣ 1% афзоиш хоҳад ёфт. Тамоюлҳои манфӣ, тибқи арзёбиҳои СҶС, ба таъсири муноқишаи Украина, болоравии қимати манбаъҳои энергетикӣ ва шадид гардидани сиёсати пулию қарзӣ дар кишварҳои бузургтарини ҷаҳоналоқаманданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 29, 2022 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд оғоз менамояд
Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоди парвозҳои мунтазам ва хатсайри автобусҳоро афзоиш медиҳанд
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад