Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Деҳаи ман»-ро мавриди истифода қарор доданд

Ноябрь 2, 2022 08:36

ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Деҳаи ман”-ро  мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи навтаъсис ба банду басти меваю хушкмева ва сабзавот машғул буда, дорои 6 хати коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Тавре зимни боздид маълум гардид, ҷамъият бо дастгоҳҳои муосири корӣ, ки истеҳсоли Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Беларус мебошанд, таъмин буда, бо назардошти талаботи бозорҳои дохиливу байналмилалӣ маҳсулоти кишоварзиро банду баст ва барои фурӯш омода месозад.

Таҷҳизоти кории корхона ба таври автоматӣ фаъолият намуда, дар як соат имконият дорад, ки 3 тонна сабзавот ва то 120 килограмм маҳсулоти донагиро банду баст намуда, пешниҳоди харидорон созад.

Ҳоло дар корхонаи навтаъсис банду басти 14 навъи меваю хушкмева ва сабзавот роҳандозӣ гардида, дастгоҳҳои корӣ имконият медиҳанд, ки бо пайдо гардидани талабот номгӯи маҳсулот ба таври назаррас зиёд карда шавад.

70 фоизи маҳсулоти кишоварзие, ки барои банду баст ба коргоҳ ворид карда мешавад, аз хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди ҷумҳурӣ буда, 30 фоизи дигар, ки асосан донагиро дар бар мегирад, аз дигар кишварҳо ворид мегарданд.

Дар айни замон коргоҳи “Деҳаи ман” бо 45 хоҷагии кишоварзӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, аз онҳо маҳсулот дастрас менамояд. Корхона ҳамчунин имконият дорад, ки фармоиши хоҷагиҳои деҳқониро барои банду басти маҳсулоти истеҳсолнамудаашон иҷро намояд.

Банду басти меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ мутобиқи талабот бо ҳаҷму намудҳои гуногун дар борҷомаҳои зебову бозоргир амалӣ карда мешавад. Ҳоло маҳсулоти банду бастгардидаи корхонаи мазкур асосан ба мағозаву фурӯшгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва дигар минтақаҳои кишвар пешниҳод карда мешавад. Ба иттилои масъулин, дар айни замон талабгорони чунин маҳсулоти баландсифати кишоварзӣ дар бозорҳои хориҷӣ низ зиёданд ва корхона барои содироти он ба дигар кишварҳо омода мебошад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Деҳаи ман” бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шарикони рушд (Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ) бунёд гардида, дар он 15 сокини маҳаллӣ, ки аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Дар назди коргоҳи нав мағозаи алоҳидаи фурӯш таъсис ёфта, ба харидорон маҳсулоте, ки дар корхонаи мазкур бо шаклу андозаи гуногун банду баст мегарданд, пешниҳод карда мешаванд.

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин корхонаҳоро василаи муҳими таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор маънидод намуда, барои роҳандозии содироти маҳсулоти банду бастгардида ба масъулин дастур ва маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар саҳни корхонаи навтаъсис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои кишоварзии вилояти Хатлон дидан карда, бо маҳсулоти ниҳоии онҳо аз наздик шинос шуданд.

Дар ин тадбир асали банду бастгардида, афшура, нӯшоба, хушкмеваҳо, маҳсулоти донагии коркардгардида ба намоиш гузошта шуданд, ки аз рушди соҳа ва афзоиши шумораи корхонаҳои бахши кишоварзӣ дар вилоят гувоҳӣ медиҳад.

Таъкид гардид, ки ҳоло дар вилояти Хатлон дар самти коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ 17 корхона фаъолияти босамар дошта, маҳсулоти онҳо ба бозорҳои дохил ва хориҷ пешниҳод мегардад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят истеҳсоли маҳсулоти панирӣ, нӯшобаҳои гуногун аз меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон,  коркарди меваи хушк, банду басти асал, мевагӣ, донагӣ ва мағзмеваҳо роҳандозӣ гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки қисми зиёди маҳсулоти коркардшудаи кишоварзӣ дар баробари бозорҳои дохилӣ ҳамчунин ба бозорҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Покистон, Узбекистон, Беларус ва Туркия ба фурӯш бароварда мешавад.

Тибқи маълумот, то аввали моҳи октябри соли равон аз вилоят ба дигар кишварҳо дар маҷмӯъ 81 ҳазору 301 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили пиёз, сабзӣ, карам, лаблабу, зардолу, шафтолу, лимӯ, ангур ва дигар номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ифтитоҳи чунин корхонаҳои нави коркарди маҳсулоти кишоварзиро омили муҳими баланд бардоштани иқтидори содиротӣ маънидод намуда, ба масъулин барои рушди бештари бахши агросаноатӣ дастуру маслиҳатҳои мушаххас доданд.

Ба истифода додани корхонаи банду басти меваю хушкмева, сабзавот ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои кишоварзӣ дар шаҳри Бохтар 02.11.2022

Ноябрь 2, 2022 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Як қатор сарони давлатҳо ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024